Пизишкиён: Эрон ба ҳеҷ унвон аз ҳуқуқи қонунии кишвар ақибнишинӣ намекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124880-Пизишкиён_Эрон_ба_ҳеҷ_унвон_аз_ҳуқуқи_қонунии_кишвар_ақибнишинӣ_намекунад
Порс Тудей — Раисиҷумҳури Эрон навишт: «Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иззат, иқтидор ва ҳифзи ҳуқуқи миллат вориди гуфтугӯ мешавад ва ба ҳеҷ унвон аз ҳуқуқи қонунии мардум ва кишвар ақибнишинӣ намекунад».
(last modified 2026-05-19T07:07:45+00:00 )
Май 19, 2026 12:04 Asia/Dushanbe
  • Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон
    Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон

Порс Тудей — Раисиҷумҳури Эрон навишт: «Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иззат, иқтидор ва ҳифзи ҳуқуқи миллат вориди гуфтугӯ мешавад ва ба ҳеҷ унвон аз ҳуқуқи қонунии мардум ва кишвар ақибнишинӣ намекунад».

Ба гузориши Порс Тудей, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар саҳифаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ навишт: «Гуфтугӯ ба маънои таслим нест».

Вай афзуд: «Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иззат, иқтидор ва ҳифзи ҳуқуқи миллат вориди гуфтугӯ мешавад ва ба ҳеҷ унвон аз ҳуқуқи қонунии мардум ва кишвар ақибнишинӣ намекунад».

Пизишкиён таъкид кард: «Мо бо мантиқ ва бо тамоми тавон, то пои ҷон, дар хидмати мардум ва ҳофизи манофеъ ва иззати Эрон хоҳем буд».