Пизишкиён: Давлат аз тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳимоят мекунад
-
Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар дидор бо амир сарлашкар Ҳотамӣ, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порс Тудей — Раисиҷумҳури Эрон зимни қадрдонӣ аз рашодатҳо ва амалкарди муқтадиронаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, бавижа Артиш дар муқобила бо таҷовузоти Амрико ва режими саҳюнистӣ, бар ҳимоят ва пуштибонии ҳамаҷонибаи давлат аз тақвияти тавони дифоӣ ва иртиқои омодагии размии нерӯҳои мусаллаҳ таъкид кард.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо; Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар дидор бо амир сарлашкар Ҳотамӣ, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни қадрдонӣ аз рашодатҳо, исорсозиҳо ва амалкарди муқтадиронаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бавижа Артиши пурифтихор дар муқобила бо таҷовузот ва таҳоҷумоти Амрико ва режими саҳюнистӣ, аз посухҳои қотеъ, ҳушмандона ва боздорандаи нерӯҳои мусаллаҳ ба иқдомоти хасмонаи душманон қадрдонӣ кард.
Вай дар ин дидор нақши Артиши Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таъмини амнияти миллӣ, ҳаросат аз тамомияти арзии кишвар ва иртиқои боздорандагии дифоӣ, нақши таъйинкунанда ва роҳбурдӣ тавсиф кард ва изҳор дошт: «Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бавижа Артиши муъмин, мардумӣ ва инқилобӣ, дар ҷараёни таҳаввулот ва таҳдидоти ахир бо омодагии амалиётии боло, ишрофи иттилоотӣ, инсиҷоми фармондеҳӣ ва тавони размии муассир, иқтидори дифоии кишварро ба намоиш гузоштанд ва иҷоза надоданд душманон ба аҳдофи шуми худ алайҳи миллати Эрон даст ёбанд».
Пизишкиён бо ишора ба зарурати тақвияти мустамари бунияи дифоӣ ва иртиқои омодагии размии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, таъкид кард: «Давлат бо тамоми зарфият дар канори нерӯҳои мусаллаҳ қарор дорад ва аз барномаҳои роҳбурдии иртиқои тавони дифоӣ, пуштибонии лоҷистикӣ, навсозии таҷҳизот, тақвияти зерсохтҳои амалиётӣ ва афзоиши тавони боздорандагии кишвар ҳимоят хоҳад кард».
Дар ин дидор амир сарлашкар Ҳотамӣ низ гузорише аз охирин вазъияти амалиётӣ, иқдомоти дифоӣ ва маъмуриятҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобила бо таҷовузот ва таҳаррукоти хасмонаи душманон ироа кард ва бо ташреҳи бахше аз амалиётҳо ва посухҳои анҷомшуда алайҳи мутаҷовузон, бар омодагии комили ягонҳои мухталифи Артиш дар ҳавзаҳои мухталиф таъкид кард.
Фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин раванди бозомод, бозёбӣ ва иртиқои тавони размии ягонҳо дар давраи оташбасро ташреҳ ва тасреҳ кард: «Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баҳрагирӣ аз таҷрибаҳои майдонӣ, тақвияти омодагии амалиётӣ, иртиқои ҳамоҳангӣ миёни нерӯҳо ва барӯзсозии зарфиятҳои размӣ ва пуштибонӣ, омодагии комил дорад, то дар баробари ҳар гуна таҳдид, таҷовуз ё иқдоми моҷароҷӯёна алайҳи кишвар, посухи қотеъ, пушаймонкунанда ва дархӯри иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон ироа кунад».