Андешаҳои имом Хоманаӣ | Ба душман эътимод накунед
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121940-Андешаҳои_имом_Хоманаӣ_Ба_душман_эътимод_накунед
Порс Тудей - Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: Ба душман эътимод накунед.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Сентябр 13, 2025 15:05 Asia/Dushanbe
  • Андешаҳои имом Хоманаӣ | Ба душман эътимод накунед

Порс Тудей - Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: Ба душман эътимод накунед.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дар дидори дастандаркорони маросими солгарди шаҳодати сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар соли 1399-и ҳиҷрии шамсӣ таъкид карданд: Ба душман эътимод накунед; ин тавсияи қатъии ман аст. Дидед, ки Амрикои Трамп ва Амрикои Обама бо шумо чӣ кард. Албатта ин фақат Трамп нест, ки бо миллати Эрон бадӣ кард ва се кишвари аврупоии Англия, Фаронса ва Олмон ҳам ҳамин гуна. Ин се кишвари аврупоӣ ниҳояти бадамалиро анҷом доданд ва разолату дурӯиву нифоқро дар муқобили миллати Эрон нишон доданд.

Тарафҳои муқобили БАРҶОМ ба тааҳҳудоташон амал накарданд

Дар ҳамин росто имом Хоманаӣ дар яке аз суханрониҳои наврӯзӣ хитоб ба миллати Эрон гуфтанд: Мо дар қазияи БАРҶОМ шитоб кардем; мо набояд шитоб мекардем; ҳамаи корҳои онҳо рӯи коғаз буд, корҳои мо рӯи замин буд; мо шитоб кардем корҳои худамонро анҷом додем, онҳо ҳам корашонро анҷом надоданд, тааҳҳудоташонро анҷом надоданд. Албатта ин масъалаи бисёр муҳимме аст, ки мо таваҷҷуҳ дошта бошем, ки сабру ҳавсалаамон зиёд аст ва дорем кори худамонро мекунем; мо ба кори инҳо эътимод надорем; тааҳҳуди инҳо барои мо арзише надорад.

Таслим нашудан дар муқобили душман ва эътимод накардан ба он

Ҳамчунин Раҳбари инқилоби исломӣ дар суханронии телевизионӣ ба муносибати иди Мабъас низ таъкид карданд: Мо бояд бидонем бо ин бори сангини амонате, ки Инқилоби исломӣ бар дӯши мо, бар дӯши миллати Эрон гузошта ва роҳи саодате, ки дар пеши онҳо боз карда, мо вазифаҳое дорем; аз ҷумлаи ин вазифаҳо, ҳамин тавсия ба ҳақ ва ба сабр, ва шинохти душман ва истодагӣ дар муқобили душман, ва таслим нашудан дар муқобили душман ва эътимод накардан ба ин душмани маккор аст.

Душмани аслии фаластиниён, Амрико ва Англия ва саҳюнистҳо ҳастанд

Дар ҳамин замина Раҳбари инқилоби исломӣ дар суханронии телевизионӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс хотирнишон карданд: Душманони ваҳдати фаластинӣ, режими саҳюнистӣ ва Амрико ва бархе қудратҳои сиёсии дигаранд, аммо агар аз даруни худи ҷомеаи фаластинӣ ваҳдатшиканӣ нашавад, душманони берунӣ нахоҳанд тавонист коре бикунанд. Меҳвари ин ваҳдат бояд ҷиҳоди дохилӣ ва адами эътимод ба душманон бошад. Душмани аслии фаластиниён, яъне Амрико ва Англия ва саҳюнистҳои хабисро набояд такягоҳи сиёсатҳои фаластинӣ қарор дод. Фаластиниҳо чӣ дар Ғазза, чӣ дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ, чӣ дар сарзаминҳои 1948 ва ҳатто чӣ дар урдугоҳҳо ҳама як воҳидро ташкил медиҳанд ва бояд роҳбурди ба ҳам пайвастагиро дар пеш бигиранд; ҳар бахш бояд аз бахшҳои дигар дифоъ кунад ва ба ҳангоми фишор бар онҳо аз абзорҳои дар ихтиёри худ истифода кунад.