Раҳбари инқилоб: Иттиҳоди миллати Эрон дар ҷанги дувоздаҳрӯза душманро ноумед кард
Порс Тудей - Раҳбари Инқилоби исломӣ дар суханоне бо баёни инки дар мавриди иттиҳоди миллати Эрон, аввалин ҳарфи ман ин аст, ки дар ҷанги дувоздаҳрӯза иттиҳоди миллати Эрон, якпорчагии миллати Эрон, душманро ноумед кард, таъкид карданд, душман аз ҳамон рӯзҳои авосити ҷанг фаҳмид, ки ба он мақсӯду ғаразе, ки доштааст, даст нахоҳад ёфт.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Инқилоби Исломӣ шомгоҳи сешанбе дар суханронии телевизионӣ хитоб ба миллати Эрон гуфтанд: Лозим медонам ин рӯзҳо ба муносибати солгарди шаҳодати муҷоҳиди кабири шаҳид Саидҳасани Насруллоҳ ёде аз эшон бикунам. Саидҳасан Насруллоҳ сарвати азиме буд барои дунёи ислом, на фақат барои ташайюъ, на фақат барои Лубнон, барои дунёи ислом сарвате буд. Албатта ин сарват аз даст нарафта. Сарват боқӣ аст. Ӯ рафт, аммо ин сарвате, ки ӯ эҷод карда буд, ин сарват боқӣ аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИНРА, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ идома доданд: Дар мавриди иттиҳоди миллати Эрон, аввалин ҳарфи ман ин аст, ки дар ҷанги дувоздаҳрӯза иттиҳоди миллати Эрон, якпорчагии миллати Эрон, душманро ноумед кард, яъне душман аз ҳамон рӯзҳои авосити ҷанг, авоилу авосити ҷанг фаҳмид, ки ба он мақсӯду ғаразе, ки дошта, даст нахоҳад ёфт.
Раҳбари Инқилоби Исломӣ фармуданд: Ғарази душман, задани фармондеҳон набуд. Ин як васила буд. Душман бо худаш фикр карда буд, ки фармондеҳони низомиро бизанад, баъзе шахсиятҳои муассири низомро бизанад, дар кишвар иғтишош ба вуҷӯд бияёд ва дар Теҳрон ба хусӯс авомили онҳо даст бизананд ба ошӯбу иғтишош ва мардумро, афродеро, ки метавонанд, бикашонанд ба хиёбонҳо, ҳодисае дуруст кунанд ба василаи мардум алайҳи Ҷумҳурии исломӣ. Ин ҳадаф буд. Ҳадаф бинобар ин, Ҷумҳурии исломӣ буд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ идома доданд: Ҳадафи душман, мухтал кардани низом буд, ки ман дар як суҳбати дигаре гуфтам, ки инҳо ҳатто барои баъд аз Ҷумҳурии исломӣ нишаста буданд, нақша кашида буданд ва фикр карда буданд. Мехостанд фитна дуруст кунанд, фитнаҳои хиёбонӣ дуруст кунанд, дастаҷотеро роҳ биандозанду решаи исломро дар кишвар бикананд. Ин ҳадафи душман буд.
Раҳбари Инқилоби Исломӣ фармуданд: Хуб, ин ҳадаф дар ҳамон қадамҳои аввал шикаст хӯрд. Аммо сардорон ва инҳо ки билофосила тақрибан ҷойгузин шуданд, касонеро ҷойгузини онҳо муайян шуданд ва вазъу низому тартибу қоидаи неруҳои мусаллаҳ бо ҳамон истеҳком ва бо рӯҳияи болотар боқӣ монд.
Эшон таъкид карданд: Аммо мардум, ки муассиртарин унсур мардум буданд, мардум мутлақан таҳти таъсири ончӣ ки душман мехост қарор нагирифтанд. Тазоҳуроте ба вуҷӯд омад, хиёбонҳо пур шуд, аммо алайҳи душман, на алайҳи низоми исломӣ.