Масъуди Пизишкиён: Эрон ҳамвора дар баробари тундбодҳои таърих устувор истодааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122104-Масъуди_Пизишкиён_Эрон_ҳамвора_дар_баробари_тундбодҳои_таърих_устувор_истодааст
Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони милал гуфт: Эрон, ин куҳантарин тамаддуни пайвастаи ҷаҳон, ҳамвора дар баробари тундбодҳои таърих, устувор истодааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 24, 2025 20:30 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён: Эрон ҳамвора дар баробари тундбодҳои таърих устувор истодааст

Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони милал гуфт: Эрон, ин куҳантарин тамаддуни пайвастаи ҷаҳон, ҳамвора дар баробари тундбодҳои таърих, устувор истодааст.

Ба гузориши Порс Тудей, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи чаҳоршанбе дар Маҷмаи умумии Созмони милал афзуд, миллати Эрон бо рӯҳе сутург ва иродае ҷовдон борҳо собит кардааст, ки дар баробари муҳоҷимон сар фурӯд намеоварад ва имрӯз низ дар баробари мутаҷовизон, бо иттико ба қудрати имон ва инсиҷоми миллии худ, сарбаланд истодааст.

Масъуди Пизишкиён хотирнишон кард, дар дифои муқаддаси дувоздаҳрӯза, мардуми меҳандӯсту диловари Эрон, муҳосибаи ваҳмолуди худситоёни мутаҷовизро ба рухи онон кашиданд. Душманони Эрон, нохоста иттиҳоди муқаддаси миллиро қавом бахшиданд. Мардуми Эрон бо вуҷӯди шадидтарин, тӯлонитарину сангинтарин таҳримҳои иқтисодӣ, ҷанги равонӣ ва расонаӣ ва талошҳои мустамар барои эҷоди тафриқа, ба муҷарради шиллики нахустин гулӯла ба хокашон, якпорча ҳомии неруҳои мусаллаҳи далер худ шуданд ва имрӯз низ хуни шуҳадояшонро пос медоранд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Имрӯз, пас аз наздик ба ду сол наслкушӣ, гуруснагӣ додани ҷамъӣ ва тадовуми апартеид дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ ва таҷовуз ба ҳамсоягон, тарҳи музҳику хаёлпарастонаи «Исроили бузург» бо вақоҳат аз сӯи болотарин сутӯҳи ин режим унвон мешавад. Ин тарҳ, бисёре аз сарзаминҳои минтақаро дарбар мегирад. Ин нақша, нишонгари аҳдофу мақосиди воқеии режими саҳюнистӣ аст, ки ахиран мавриди таъйди нахуствазири он низ қарори гирифтааст. Ҳеҷ кас дар ҷаҳон, аз ниятҳои мутаҷовизонаи ин режим дар амон нест.

Пизишкиён афзуд: Ҳафтаи гузашта, се кишвари аврупоӣ пас аз онки натавонистанд бо бадаҳдии даҳсола ва ба дунболи он бо ҳимоят аз таҷовузи низомӣ, мардуми сарбаланди Эронро ба зону дарбиоваранд, ба дастури Иёлоти муттаҳида, бо фишор, қулдурӣ, таҳмилу суиистифодаи ошкор кӯшиданд, қатъномаҳои лағвшудаи Шӯрои амният алайҳи Эронро бозгардонанд.

Дар ин масир, ҳусни ниятро канор гузоштанд, илзомоти қонӯниро давр заданд, иқдомоти ҷубронии қонӯнманди Эрон дар баробари хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ ва бадаҳдӣ ва нотавонии мутлақи Аврупоро «нақзи фоҳиш» ҷилва доданд, худро ба дурӯғ «тарафҳои хушсобиқаи тавофуқ», муаррифӣ карданду талошҳои содиқонаи Эронро нокофӣ хонданд. Ва ин ҳама, барои нобудии ҳамон БАРҶОМ-е буд, ки худашон бузургтарин дастоварди дипломасии чандҷонибааш медонистанд. Ин иқдоми ғайриқонӯнӣ, ки бо мухолифати бархе аз аъзои Шӯрои амният низ мувоҷеҳ шуд, машрӯъияти байналмилалӣ надошта ва бо иқболи ҷомеъаи байналмилалӣ низ рӯба рӯ нахоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сулҳу субот истиқбол мекунад. Мо бовар дорем, ки ояндаи минтақа ва ҷаҳон бояд бар пояи ҳамкорӣ, эътимоду тавсеаи муштарак шакл бигирад. Як бори дигар дар ин маҷмаъ эълом мекунам, ки Эрон ҳаргиз ба дунболи сохти бомби ҳастаӣ набуда ва нахоҳад буд. Мо ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нестем ва ин як бовари эътиқодӣ ва фатвои раҳбарӣ аст ва дар натиҷа, ба ҳеҷ ваҷҳ ба дунболи силоҳҳои куштори ҷамъӣ набудем ва нахоҳем буд.