Январ 20, 2017 18:02 Asia/Dushanbe
  • Таслияти мақомоти кишварҳои мухталиф дар пайи фурӯ рехтани бурҷи “Пласко” дар Теҳрон

Мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани сохтмони 15 табақаи “Пласко” дар Теҳрон ва ҷон бохтану захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандону имдодгаронро дар ин ҳодисаи ғамбор таслият гуфтанд.

Дар пайи ҳодисаи ногувори оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани сохтмони “Пласко” дар Теҳрон, Муҳаммад Навози Шариф, нахуствазири Покистон рӯзи ҷумъа бо судури паёме ин зойеаро ба давлату миллати Эрон таслият гуфт.

Ҳамчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Беналӣ Йилдирим, раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири Туркия низ дар паёмҳои ҷудогона ба раиси ҷумҳурии Эрон ва муовини аввали вай, ин ҳодисаи ғамангезро таслият гуфтанд.

Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия низ дар паёме ба Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳамтои эронии худ, ҷон бохтани теъдоде аз оташнишононро дар ин ҳодиса таслият гуфта ва таъкид кардааст, ки давлату миллати Туркия дар ин ғам бо давлату миллати Эрон шарик ҳастанд.

Тобиас Эллвуд, муовини Ховари миёнаи вазири хориҷаи Англия ва Николас Ҳоптон, сафири ин кишвар дар Теҳрон низ бо зарардидагони ҳодисаи оташсӯзӣ ва резиши сохтмони “Пласко”-и Теҳрон ибрози ҳамдардӣ карданд.

Сафорати Фаронса дар Теҳрон ҳам рӯзи панҷшанбе дар паёме бо миллати Эрон ва хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаи сохтмони “Пласко” ибрози ҳамдардӣ кард.

Ҳамчунин Владимир Пучков, вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Русия, Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус ва нахуствазири Гурҷистон бо судури паёмҳое ҷудогона, ҷон бохтани шуморе аз маъмурони оташнишонӣ дар ҳодисаи оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани сохтмони “Пласко” дар Теҳронро ба миллати Эрону хонаводаи қурбониён таслият гуфтанд.

Бо вуҷуди гузашти беш аз 30 соат аз замони вуқӯи ҳодисаи дардноки оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани бурҷи сохтмони “Пласко” дар маркази Теҳрон, ба иллати густардагии абъоди ҳодиса ва сангинии пояҳои филизии ин сохтмони фурӯрехта, ҳамчунон аз вазъияти зери вайрона мондагон иттилооти дақиқе ба даст наомадааст ва талоши бевақфаи имдодгарону оташнишонон барои хориҷ кардани афроди дармонда зери вайрона идома дорад.

 

Барчасп