Шуҳадои таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон| Шаҳодат дар охирин рӯзи сарбозӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122162-Шуҳадои_таҷовузи_режими_саҳюнистӣ_ба_Эрон_Шаҳодат_дар_охирин_рӯзи_сарбозӣ
Порс-Тудей. Ривояте аз зиндагии шаҳиди иқтидор Меҳдии Қаҳрамонӣ, сарбозе, ки барои рӯзҳои баъд аз хидмат орзӯҳо дошт.
(last modified 2025-10-01T03:20:25+00:00 )
Сентябр 29, 2025 14:43 Asia/Dushanbe
  • Шаҳиди иқтидор Меҳдии Қаҳрамонӣ
    Шаҳиди иқтидор Меҳдии Қаҳрамонӣ

Порс-Тудей. Ривояте аз зиндагии шаҳиди иқтидор Меҳдии Қаҳрамонӣ, сарбозе, ки барои рӯзҳои баъд аз хидмат орзӯҳо дошт.

Дувуми тирмоҳи 1404, баъд аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба подгони Афсарияи Теҳрон, сарбоз Меҳдии Қаҳрамонӣ ба шаҳодат мерасад, ҷавони 20 солае, ки қарор буд фардои он рӯз, поёни хидмати сарбозиашро ҷашн бигирад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз “Ҳамшаҳрӣ онлайн”, садои навҳаи Алиакбар (а) дар хона печидааст. Замзамаи модар; Меҳдиҷон!, Меҳдиҷон! аст. Падари хамидаву ранҷур гӯшае месӯзад. Меҳмонон меоянду мераванд. Наҷвоҳои модари шаҳид кам-кам баланду баландтар мешавад ва мегӯяд: “Куҷоӣ, сурататро бибӯсам? Модарҷон, дигар сурате бароят намонда. Кош субҳ қабл рафтанат аҷала накарда будӣ ва ман туро як дили сер назора мекардам. Аз ин пас модарат то абад дар ҳасрати рӯи моҳи ту азодор аст”.

Дар рӯзи воқеа Аъзами Тиллоӣ, модари шаҳид Меҳдии Қаҳрамонӣ дар маҳалли кораш дар бемористони Бақиятуллоҳ дилаш шӯри Меҳдиро мезанад. Аз субҳ, ки Меҳдӣ ба подгон рафта буд, вуҷудаш муталотим буд. Модар таҳмондаи ҷонашро ҷамъ мекунад то бо мо суҳбат кунад: “Ҷанг ки шуруъ шуд, шумораи фармондеҳашро ба ман дод то агар нигарон шудам ба ӯ занг бизанам. Он рӯз занг задам. Фармондеҳ гуфт: Хонуми Тиллоӣ, нигарон набошед, ҳоли Меҳдӣ хуб аст. Ҳатто ин ҳарфи фармондеҳ ҳам диламро қурс накард. Дубора бо шумораи фармондеҳ тамос гирифтам. Ин бор ҷавоб надод”.

Шаҳиди иқтидор Меҳдии Қаҳрамонӣ

 

Соати 10 субҳ, ки хабари бомбаборони подгони Афсария печид, дигар дилшӯра амонашро бурид. Ба падари Меҳдӣ занг мезанад ва бо ҳам роҳии подгон мешаванд.

Аъзами Тиллоӣ мегӯяд: “Ҳанӯз ба подгон нарасида будем, ки телефонам занг зад. Дӯсти Меҳдӣ буд. Гуфт: хола, хабаре аз Меҳдӣ надоред? Подгони Афсарияро заданд...”.

Садои “ё Ҳусайн”-и модар, ки баланд мешавад, падар мошинро гӯшае раҳо мекунад ва ба самти подгон мераванд. Ончӣ мебинанд, ду дасту ҷамъияте, ки саросема ба самти подгон медаванд. Марде фарёд мезанад: Маҷрӯҳину шуҳадоро ба бемористони Беъсат бардаанд. Модар мегӯяд: “Вақте вориди бемористон шудем, яке аз фармондеҳҳо пеш омад ва аз шаҳодати Меҳдӣ хабар дод.

 

Шавқу иштиёқи Меҳдӣ барои сарбозӣ

Меҳдӣ 18 сола ки шуд, пояшро дар як кафш кард, ки ҳатман бояд сарбозӣ биравад. Модар мегӯяд: “Ҳар чӣ исрор кардам алъон зуд аст, ҷашни таваллуди 20 солагиатро, ки гирифтем, он вақт бирав сарбозӣ, аз мо инкор ва аз ӯ исрор. Билохира рахти сарбозӣ бар тан кард.”.

Аъзами Тиллоӣ вақте мехоҳад аз ахлоқу маниши Меҳдӣ бигӯяд , бетоқат мешавад: “Сарбозии писарам тамом шуда ва ҳатто имзои фармондеҳро ҳам барои корти поёни хидмат гирифта буд. Он рӯз - рӯзи охири хидматаш буд, аммо қарор набуд рӯзи охири зиндагиаш шавад. Писарам наҷиб буд. Ба рӯҳи покаш қасам, ки як бор садои баландашро дар хона нашунидаам. Ҳеҷ вақт худаш намерафт дари яхдонро боз кунад ва чизе бардораду бихӯрад. Мегуфт: бигзоред момон биёяд бо ҳам бихӯрем. Меҳдӣ мазлум буд ва ин рӯзҳои ҷанг сукут ҳам ба мазлумияташ изофа шуда буд. Рӯзҳои ҷанг бештар шифт будам. Як дили сер надидамаш. Ин ҳасратро чӣ кунам? Дар хона ба хотири бачаҳо наметавонам гиря кунам ва дар бемористон ҳам бояд мурооти ҳоли беморонро кунам. Ҳамин чанд рӯзи пеш Маҳсо, хоҳараш саросема омад пешам ва гуфт: Момон, Меҳдиро дидам. Ингор гӯшаи утоқ истода. Ин авохир ба Маҳсо гуфта буд, ки ман шаҳид мешавам, ёдатон наравад рӯи санги қабрам бинависед: Ҷавони ноком.

Шаҳид Меҳдии Қаҳрамонӣ асолатан ардабилӣ буд. Ба гуфтаи модараш, ҳамеша аз ғуруру ғайрати ардабилиҳо ҳарф мезад. Шаҳид, ки шуд, ӯро ба Ардабил бурданду пайкари покаш он ҷо ором гирифт.