Адмирал Сайёрӣ: Ҳеҷ таҳдиде наметавонад амнияти Эронро хадшадор кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122450-Адмирал_Сайёрӣ_Ҳеҷ_таҳдиде_наметавонад_амнияти_Эронро_хадшадор_кунад
Порс Тудей - Раиси Ситод ва муовини ҳамоҳангкунандаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт: Ҳеҷ таҳдиде тавони хадшадор сохтани амнияту истиқлоли Эрони исломиро надорад.
(last modified 2025-10-17T14:46:39+00:00 )
Октябр 17, 2025 19:43 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Сайёрӣ: Ҳеҷ таҳдиде наметавонад амнияти Эронро хадшадор кунад

Порс Тудей - Раиси Ситод ва муовини ҳамоҳангкунандаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт: Ҳеҷ таҳдиде тавони хадшадор сохтани амнияту истиқлоли Эрони исломиро надорад.

Ба гузориши Порс Тудей, адмирал Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ, раиси Ситод  ва муовини ҳамоҳангкунандаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар ҷамъи донишҷӯёни Донишгоҳи афсарии имом Алӣ (а), бо ишора ба фармоиши ҳазрати Алӣ (а) мабнӣ бар инки «Агар хоҳони сулҳӣ, худро барои ҷанг омода кун», гуфт: Ин фармоиши ҳакимона, нишон медиҳад, ки сулҳу амнияти пойдор, танҳо дар сояи қудрат, омодагӣ ва боздорандагӣ ҳосил мешавад.

Раиси Ситоди артиши Эрон бо таҷлил аз мақоми шомихи шуҳадо ва ёдоварии рашодатҳои онон дар дифои муқаддас, афзуд: Шуҳадои азизи артиш бо нисори ҷони хеш, аз тамомияти арзӣ, истиқлолу иззати Эрони исломӣ дифо карданд ва нагузоштанд ҳатто заррае аз хоки меҳан дар ихтиёри душман қарор гираду имрӯз неруҳои низомӣ, идомадиҳандагони роҳи пурифтихори ҳамон шаҳидон ҳастанд ва бояд омода бошем то гом дар масири онон ниҳода ва бо имон, шуҷоату ихлос аз ормонҳои баланди Инқилоби Исломӣ сиёнат кунем.

Адмирал Сайёрӣ бо ишора ба рӯҳияи фидокорӣ ва ватандӯстии размандагони ислом, гуфт: Сухани мондагори халабони сарафрози неруи ҳавои артиши Эрон, шаҳид сарлашкар Муҳаммади Халъатбарӣ, ки фармуд, «агар заррае аз хоки ватанам ба путин(кафши низомӣ)-и сарбози душман часбида бошад, онро бо хунам шустушу хоҳам дод», баёнгари авҷи ишқу ғайрати размандагони Эрони исломӣ нисбат ба меҳану ормонҳои инқилоб аст.

Адмирал Сайёрӣ дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба маъмурияти аслии артиши Ҷумҳурии исломӣ, хотирнишон кард: Маъмурияти артиш дар се калидвожаи асосӣ хулоса мешавад; ҳифзи тамомияти арзӣ, сиёнат аз истиқлолу посдорӣ аз низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ин се асли бунёдин, ҷиҳатдиҳандаи тамомии фаъолиятҳо, омӯзишҳо ва барномаҳои артиш дар тамоми сутӯҳ аст.

Адмирал Сайёрӣ дар поён бо таъкид бар истимрори масири худбоварӣ ва иқтидори миллӣ, гуфт: Иқтидори имрӯзи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон марҳӯни имон, басират, инзибот ва табаъият аз фаромини раҳбари инқилоб аст ва бетардид, то замоне, ки ин усӯл дар миёни неруҳои мусаллаҳ ниҳодина бошад, ҳеҷ таҳдиде тавони хадшадор сохтани амнияту истиқлоли Эрони исломиро нахоҳад дошт.