Мустанади эронии «Фасли ангур» аз Туркия ҷоиза гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122866-Мустанади_эронии_Фасли_ангур_аз_Туркия_ҷоиза_гирифт
Порс Тудей- Мустанади эронии «Фасли ангур», ба коргардонии Иброҳими Ҳисорӣ муваффақ ба касби ҷоизаи севумин филми бартари бахши байналмилал дар шонздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии мустанади TRT-и Туркия шуд.
(last modified 2025-11-12T10:45:28+00:00 )
Ноябр 12, 2025 15:43 Asia/Dushanbe
  • Мустанади эронии «Фасли ангур» аз Туркия ҷоиза гирифт

Порс Тудей- Мустанади эронии «Фасли ангур», ба коргардонии Иброҳими Ҳисорӣ муваффақ ба касби ҷоизаи севумин филми бартари бахши байналмилал дар шонздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии мустанади TRT-и Туркия шуд.

Шонздаҳумин давраи ҷавоизи байналмилалии мустанади TRT аз 15 то 18 обон, баробар бо 6 то 9 ноябри 2025, ба мизбонии шабакаи миллии телевизиони Туркия дар шаҳри Истанбул баргузор шуд.

Ба гузориши Порс Тудей, дар ин давра аз ҷашнвора, беш аз 1200 филм аз 86 кишвари ҷаҳон ба дабирхонаи ҷашнвора ирсол шуд, ки пас аз арзёбии ҳайати доварон, 10 филм ба унвони финалисти бахши байналмилал интихоб шуданд.

Мустанади эронии «Фасли ангур», ба коргардонии Иброҳими Ҳисорӣ муваффақ ба касби ҷоизаи севумин филми бартари бахши байналмилал дар шонздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии мустанади TRT-и Туркия шуд ва тандиси ҷашнвора ва ҷоизаи нақдии 4000 евроиро дарёфт кард.

Ҷашнвораи мустанади TRT, ки бо ҳимояти расмии давлати Туркия ва ба ҳиммати шабакаи миллии телевизиони ин кишвар баргузор мешавад, аз муҳимтарин ва бособиқатарин рӯйдодҳои тахассусии мустанадсозӣ дар Туркия башумор меояд ва дар канори ҷашнвораи «Documentarist Istanbul Documentary Days» ҷойгоҳи вижае дар миёни ҷашнвораҳои синамоӣ дорад.

«Фасли ангур», ба коргардонӣ ва таҳиякунандагии Иброҳими Ҳисорӣ, пеш аз ин низ дар арсаи байналмилалӣ хуш дурахшида буд ва муваффақ ба дарёфти ҷоизаи «Силвер Нанук» ва маблағи 75 ҳазор рубл аз ҷашнвораи Флаэртианаи Русия ва ҳамчунин ҷоизаи аслии бахши байналмилали DokuShorts дар ҷашнвораи ДокуБакуи кишвари Озарбойҷон шуда буд.

Мустанади «Фасли ангур» ,ривояти зиндагии пирамарде аст, ки ҳамсараш бо бемории сахте даст ба гиребон аст ва талоши ошиқонаи ӯ барои беҳбудии ҳамсар, дасмояи ин асар аст.