Баёноти имом Хоманаӣ/ Эҷоди тамадуни навини исломӣ ҳадафи бузурги инқилоби исломӣ аст
-
Баёноти имом Хоманаӣ/ Эҷоди тамадуни навини исломӣ ҳадафи бузурги инқилоби исломӣ аст
Порс тудей- ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ эҷоди тамадуни навини исломиро ҳадафи бузурги инқилоби исломӣ донистанд.
Ба гузориши Порс тудей ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар иртиботи тасвири бо мардуми Озарбойҷони Шарқӣ дар 29 баманмоҳи соли 1400 гуфтанд: Ин ки шумо мебинед ҷабҳаи истикбори ин тавр дар муқобили инқилоб ва дар муқобили миллати инқилобии Эрон меистад ва ин тавр душмани мекунад ба хотири ин аст, ки инқилоб зинда аст. Агар инқилоб набуд инҳо доъи надоштанд инқадар хабосат ва малъанат ба харҷ бидиҳанд дар муқобили миллати Эрон ҳоло зинда будани инқилоб яъне чи? яъне дилбастагӣ наслҳои ҷадиди кишвар ба ормони инқилоб. Имруз мардум дилбастаи ҳамон ормонҳое ҳастанд, ки инқилоб матраҳ кард; яъне истиқлоли милли, иззати милли, рифоҳи милли, адолати иҷтимоъӣ, таҳақуқи ҷомеъаи исломӣ ва дар ниҳоят ҳамонтавре ки арз кардем эҷоди тамадуни навини исломӣ, инҳо ҳадафи бузурги инқилоб аст мардуми мо имруз ба ин ҳадаф дилбастаанд, алоқаманд ҳастандҳ, ҳар коре аз дастаншон барояд, ҳар касе битавонад кори анҷом бидиҳад воқеъан анҷом медиҳанд яъне як аксарияти азими аз кишвар ин дилбастагиро доранд.
Ироаи як улугу ба мардуми ҷаҳон барои идораи хуби як кишвар
Имом Хоманаӣ ҳамчунин дар идори донишҷуён дар 19 фарвандири соли 1403 ҳиҷрии шамси гуфтанд: Бояд ба дунболи ормон бошем ба назари ман ҷумҳурии исломӣ метавонад ормонҳои худашро дар зели ду унвони кулли хулоса кунад: Як унвон иборат аст аз "идораи кишвар ба шеваи исломӣ" унвони дувум "ироаи як улгу ба мардуми ҷаҳон барои идораи хуби як кишвар" ин ду ормон аст. Шумо бояд барои ин ду ормон талош кунед шумо бояд руи ин роҳҳое, ки метавонад ин ду унвони куллиро таҳаққуқ бахшад фикр кунед, кор кунед.
Ҷомеъаҳои ғарби аз дарун таҳи ва пуч хоҳанд шуд
Дар ҳамин ҳол Раҳбари инқилоби исломӣ дар дори фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар 28 шаҳривани соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ хотирнишон карданд: Ормонгароӣ айни ақлоният аст зеро агар миллати бедуни ормон шавад ҳамонанди вазъияти имрузи ҷомеъаҳои ғарби аз дарун таҳи ва пуч хоҳанд шуд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори нухбагон ва донишҷуён дар 13 дай моҳи соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ низ эҳтимоми ҷидди ба ормонҳои динӣ ва илоҳӣ ва таъаҳуди инқилобиро лозимаи пешрафти воқеъи Эрон донистанд ва таъкид карданд: Ин мавзуъ бояд дар ҳамаи арсаҳои кишвар аз иқтисод, сиёсат, кори илмӣ, идораи кишвар ва гузиниши мудирон мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирад.