Январ 21, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Оғози Иҷлоси гуфтугӯи фарҳангии Эрон ва ҷаҳони араб дар Теҳрон

Нахустан Иҷлоси гуфтугӯи фарҳангии Эрон ва ҷаҳони араб имрӯз бо ҳузури 85 андешманд аз кишварҳои исломӣ, дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар Теҳрон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Абузар Иброҳимии Туркамон, раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон, ҳадаф аз баргузории ин иҷлосро эҷоди роҳкорҳо барои иттиҳоди кишварҳои минтақа унвон кард.

Вай афзуд, муҳиммтарин масъалае, ки Эрон дар ин иҷлос ба думболи он аст, дастёбӣ ба фаҳми якдигар, ошноӣ бо воқеиятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар воқеъ расидан ба як гуфтумони муштарак аст, зеро меҳмонони ин иҷлос метавонанд пас аз ошно шудан ва дарёфти воқеиёти Эрон дар кишвари худашон таъсиргузор бошанд.

Маросими поёнии ин иҷлос, ҳамгом бо барномаҳои фарҳангии Машҳад- пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар сол 2017, рӯзи душанбе дар Донишгоҳи  Фирдавсии Машҳад баргузор мешавад.

 

Барчасп