Январ 21, 2017 17:37 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии мақомоти кишварҳои мухталиф бо ҳодисаи бинои Пласкои Теҳрон

Шуморе дигар аз мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ирсоли паёмҳои ҷудогона, бо мардум ва осебдидагони бинои Пласкои Теҳрон ибрози ҳамдардӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Серж Саргсян-раисиҷумҳури Арманистон имрӯз шанбе дар паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷон бохтани шуморе аз оташнишонони эронӣ дар оташсӯзӣ ва тахриби бинои Пласко дар Теҳронро тасллият гуфт ва бо хонаводаи қурбониён ва миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, як рӯз пас аз паёми тасллият ва ҳамдардии Навоз Шариф- нахуствазири Покистон, вазорати умури хориҷаи ин кишвар низ рӯзи шанбе бо судури баёнияе, ҳодисаи оташсӯзӣ ва фурӯрехтани бинои Пласко дар Теҳронро, ки мӯҷиби ҷон бохтани шуморе аз оташнишонон шуд, таслият гуфт.

Вазорати умури хориҷаи Фаронса ҳам бо интишори паёме, бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ кард.

Холид Қавмӣ-намояндаи Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Теҳрон ҳам дар паёме ҷон бохтани ҷамъе аз неруҳои оташнишон дар ин ҳодисаро тасллият гуфт ва бо хонаводаҳои онон ибрози ҳамдардӣ кард.

Субҳи рӯзи панҷшанбе ҳодисаи оташсӯзӣ ва резиши бинои Пласкои дар Теҳрон, боиси ҷон бохтан ва масдум шудани теъдоде аз шаҳрвандон ва маъмурони созмони оташнишонии Эрон шуд.