Баёноти имом Хоманаӣ| Амрико дар назми ҷадиди ҷаҳонӣ мунзавӣ хоҳад буд
-
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ
Порс-Тудей. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ гуфтанд: Амрико дар назми ҷадиди ҷаҳонӣ мунзавӣ хоҳад буд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дар дидори донишомӯзон дар ёздаҳуми обонмоҳи 1401-и ҳиҷрии шамсӣ гуфтанд: Алоими зиёде вуҷуд дорад, ки назми кунунии ҷаҳон дорад тағйир пайдо мекунад ва назми ҷадиде бар ҷаҳон ҳоким хоҳад шуд. Нақши мо эрониҳо, ҷойгоҳи мо эрониҳо дар ин назми ҷадид чист? Ин як суоли муҳим аст. Ҳоло ин назми ҷадиде, ки банда арз мекунам, ки назми кунунӣ ба назми ҷадид тағйир пайдо хоҳад кард, чист? Намешавад дақиқ гуфт, намешавад ба диққат гуфт, ки назм инчунинӣ аст, аммо мешавад як хутутеро тарсим кард. Як хутути асосие ҳаст, ки мутмаиннан ин хутути асосӣ дар ин назми ҷадид ҳаст. Хати асосии аввал иборат аст аз инзивои Амрико; Амрико дар назми ҷадиди ҷаҳонӣ мунзавӣ хоҳад буд.
Имом Хоманаӣ афзуданд: Дасту пои Амрико аз ҳузур дар саросари ҷаҳон ҷамъ хоҳад шуд. Ин он хати аслии аввал, аз хутути асосии назми ҷадиди ояндаи ҷаҳон.
Имрӯз Амрико манфуртарин давлатҳову режимҳо дар чашми миллатҳои минтақа аст
Ҳамчунин Раҳбари инқилоби исломӣ дар иҷтимои мардуми Гелониғарб дар 23 меҳри соли 1390-и ҳиҷрии шамсӣ афзуданд: Мегӯянд, мехоҳем Эронро мунзавӣ кунем, аммо худашон мунзавӣ шуданд. Имрӯз дар миёни миллатҳо ҳеҷ давлате дар дунё ба қадри Амрико манфур нест. Имрӯз Амрико манфуртарин миёни давлатҳову режимҳо дар чашми миллатҳои минтақа аст.
Имом Хоманаӣ хотирнишон карданд: Ҷумҳурии исломӣ бо зулм мухолиф аст, бо золим мубориза мекунад, дар муқобили зургуӣ ва зиёдахоҳии золимону мустакбирон ҳам бо ҳамаи вуҷуд меистаду ақибнишинӣ намекунад. Барои ҳамин аст, ки миллатҳо ҳар ҷое ки Ҷумҳурии исломиро мешиносанд, ба Ҷумҳурии исломӣ алоқаманданд, тарафдори Ҷумҳурии исломиянд, шиорҳои Ҷумҳурии исломӣ барои онҳо дилнишин аст. Баръакс Шумо сарони режими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Ироқ манфуред, дар Афғонистон манфуред, дар Миср манфуред, дар Тунис баъд аз инқилоб манфуред, дар Либия, ки неруҳои низомӣ ворид кардеду таҳарруки низомӣ доред, манфуред, ҳатто дар Аврупо манфуред.
Амрико ба зону даромад
Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин дар суханоне дар Донишгоҳи афсарии имом Ҳусайн (а)-и Теҳрон гуфтанд: Императории низомиву молӣ ва таблиғотиву сиёсии мусаллат бар дунё, яъне Шайтони бузург - Амрико бо ҳамаи тавон, бо ҳамаи ончӣ ки дар чанта (тӯбра) дошт, ба майдони низоми Ҷумҳурии исломии Эрон омад, ба майдони инқилоб омаду хотирҷамъ буд, ки инқилобро ба зону дармеоварад. Имрӯз баъд аз даҳҳо сол Шумо нигоҳ кунед, бубинед чӣ иттифоқе дар дунё афтода; онҳо ба зону даромаданд.