Обанбори Шоҳ Аббос ; шоҳкори муҳандисии об дар Хуросони ҷанубӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122932-Обанбори_Шоҳ_Аббос_шоҳкори_муҳандисии_об_дар_Хуросони_ҷанубӣ
Порс тудей - Дар дили дараи зебои Муртазо Алӣ дар наздикии Табас , садд(обанбор)и Шоҳ Аббос ҳамчун ёдгории хомӯш, аммо мондагор аз нубуғи муҳандисии об дар Эрони асрҳои миёна худнамоӣ мекунад.
(last modified 2025-11-15T09:11:58+00:00 )
Ноябр 15, 2025 14:06 Asia/Dushanbe
  • Садди Шоҳ Аббос
    Садди Шоҳ Аббос

Порс тудей - Дар дили дараи зебои Муртазо Алӣ дар наздикии Табас , садд(обанбор)и Шоҳ Аббос ҳамчун ёдгории хомӯш, аммо мондагор аз нубуғи муҳандисии об дар Эрони асрҳои миёна худнамоӣ мекунад.

Садди Шоҳ Аббос, ки ба шакли қавсӣ дар қарни чаҳордаҳум ва давраи Элхонӣ сохта шуда ва руди Сардор, яке аз шохобҳои руди Намакӣ ба он мерезад.Ба гузориши Порс туде ба нақл аз Пресс ТВ , номи ин садд бо давраи сафавии гиреҳи хӯрда , чаро ки дар замони шоҳи Аббоси аввал ё дувум ба таври асосӣ бозсозӣ шуд ва аз он замон ба номи ин подшоҳи барҷаста шинохта мешавад Садди Шоҳ Аббос бо таркибе аз хишт, сангу малот сохта шуда ва вижагии барҷастааш, қавси нӯки тез дар пояи он аст ; тарҳи печидаву ҳӯшмандона, ки ҳадафаш мудирияти дақиқи ҷараёни об буд. Селобҳои маъмӯл ҳар даҳ сол ба осонӣ аз зери қавс гузар мекарданд,аммо дар вақти селобҳои шадид бахше аз оби пушти садд захира мешуд ва шаҳри Табасро аз хатари вайронӣ наҷот медод.
Макони сохти садд низ бо диққат интихоб шуда, то аз ҷамъ шудани лойқаҳо дар лбанбор ҷилавгирӣ шавад ва амалкарди он барои ҳамеша ҳифз гардад. Бахши поинии қавс , қадимитарин қисмати соза бевосита дар девораҳои сангии дара тарошида шуда ва хиштҳои он ба сурати шуъоъӣ дар дили кӯҳӣ қарор гирифтаанд, то сохтори якпорча ва бисёр муқовим эҷод шавад. Бахши болоии садд низ бо сангреза такмил шудааст.
Ин тарроҳии халлоқонаву муқовим ҳамроҳ бо тавоноии болои садд дар контроли селоб боис шуда, ки садди шоҳ Аббос бидуни ниёз ба таъмир ё нигаҳдорӣ қарнҳо побарҷо бимонад.
Дар канори садд нақшҳое аз бузрави сангӣ ҳак шудаанд, ки шояд нишонае аз зиндагии рӯзмарраи созандагон ё сокинони баъдии ин минтақа бошад ; ламси латифи таърих дар канори азамати муҳандисӣ.

Садди Шоҳ Аббос

Ренесанси обии Элхонён ва мероси садсозӣ дар Эрон
Ҷоҳталабиҳои муҳандисии об дар давраи элхонӣ , оғозгари навъе « ренесанси обӣ » дар фалоти Эрон буд ; давроне аз бозсозӣ ва навоварӣ, ки пас аз вайрониҳои ҳамлаи муғул дар қарни сездаҳум шакл гирифт ва ба эҳёии густардаи қанотҳо , каналҳо ва сохти садҳои ҷадиде анҷомид . Садди Шоҳ Аббос дар Хуросони ҷанубӣ танҳо яке аз намӯнаҳои барҷастаи ин даврони тиллоӣ аст.
Элхониён, ки бо фарҳанги эронӣ даромехта буданд , на танҳо сомонаҳои обии қадимиро бозсозӣ карданд, балки саддҳое сохтанд, ки дар замони худ шоҳкори муҳандисӣ маҳсӯб мешуданд .
Аз ҷумлаи ин созаҳо метавон ба садди қавсии Кӯрият дар наздикии Табас ишора кард, ки бо баландии хиракунандаи 56 метр, яке аз баландтарин саддҳои торихии Эрон аст.
Дар ғарби кишвар наздики шаҳри Қум, садди қавсии Кубар бо баландии 26 метр , тӯли тоҷи 55 метр ва ғафсии мутағаййири байни 6 то 9 метр сохта шуд ; садде, ки ба унвони қадимитарин намӯнаи боқимонда аз навъи худ шинохта мешавад ва чандин қарн аз намунаҳои мушобеҳи ғарбӣ пешӣ гирифтааст .Барномаи ободонии Элхониён танҳо ба саддҳои қавсӣ маҳдуд набуд ; онҳо ҳамчунин саддҳои вазнии бузурге монанди садди Сова ва садди Шаштароз дар наздикии Кошмарро бино карданд, ки нишондиҳандаи рӯйкарди ҷомеъ ва пешрафта дар мудирияти манобеъи об ва тавсеъаи кишоварзӣ дар қаламравашон буд.
Ин мероси муҳандисӣ на танҳо намоди нубуғи эронӣ дар даврони элхонӣ аст , балки поягузори бисёре аз дастовардҳои обӣ дар қарнҳои баъдӣ шуд.

Садди Курят

Ҷойгоҳи ҷаҳонии муҳандисии Эрон
Аҳамияти ҷаҳонии саддҳои элхонӣ,аз ҷумлаи садди шоҳ Аббос дар муҳандисии онҳо наҳуфтааст ; созаҳоӣ, ки ба унвони нахустин саддҳои қавсии воқеии ҷаҳон шинохта мешаванд ва чандин қарн пеш аз намӯнаҳои мушобеҳи аврупоӣ сохта шудаанд.
Агарчӣ дар даврони бостон, ба вижа тавассути румиҳо , саддҳои қавсӣ сохта мешуд , аммо тарроҳии онҳо нисбатан ибтидоӣ буд. Саддҳое монанди Валлония де Бом, Эспаррагалхо ва Дор бештар аз навъи қавсӣ - вазнӣ ё пуштбанддор буданд ; бо планҳои доирае ё чандгуша, ки барои пойдорӣ ба таркибе аз неруи қавсу вазни зиёди худ муттакӣ буданд. Ин тарроҳиҳо ғафстар , кӯтоҳтар ( то 12 метр ) ва аз назари муҳандисӣ камтар коромад буданд .
Аммо саддҳои элхонии Эрон дар қарни чаҳордаҳум, ҷаҳишии сифатӣ дар муҳандисии об рақам заданд. Ин саддҳо аз навъи қавсӣ - вазнӣ сангчинӣ шуда буданд, ки бо ҳадафи обёрӣ ва таъмини об сохта шуданд ва бо баландии бесобиқаву шакои қавсии борику дақиқ , аз асли қавс барои муқобила бо фишори об баҳраи бисёр муассиртар гирифтанд.
Дар Аврупо озмоишҳои ҷиддӣ бо саддҳои қавсӣ то ду қарн баъд оғоз нашуд ; бо созаҳое монанди садди Алмонсо ва садди Тибӣ дар Испания, ки бо вуҷуди чашмгир будан , ҳамчунон аз навъи қавсӣ - вазнии ғафсу кӯтоҳ ( 33 ва 46 метр ) буданд ва ба зарофати муҳандисии моделҳои эронӣ намерасиданд .
То қарни бистум ва бо зуҳӯри масолеҳи навин монанди бетон ва муҳосиботи пешрафтаи созаӣ , саддҳои ғарбӣ тавонистанд аз назари шаклу баландӣ аз намӯнаҳои эронӣ пешӣ бигиранд. Бо ин ҳол  мероси муҳандисони элхонӣ ҳамчунон ба унвони пешгомони воқеии саддҳои қавсии модерн дар таърихи муҳандисии ҷаҳон боқӣ мондааст.