Бетарафии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ; мутолибаи аслии Эрон дар мавзӯи ҳастаӣ
Порс Тудей- Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал дар бораи гузориши Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ эълом кард: Чунин гузоришҳое бояд ҳамвора ҳирфаӣ, мубтанӣ бар воқеият ва орӣ аз ҳар гуна таъсиргузории сиёсӣ, боқӣ бимонанд.
Амирсаиди Ереванӣ, сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал, дар нишасти Маҷмаи умумӣ перомуни гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт: Дар ҳоле, ки бархе кишварҳо ба таври низомманд дастрасии кишварҳои дар ҳоли тавсеа ба фанноварии сулҳомези ҳастаиро маҳдӯд месозанд, ҳамзамон ба режими саҳюнистӣ, ки узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ нест ва зарродхонае пинҳон аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар ихтиёр дорад, таслеҳоту кумакҳои низомӣ ироа мекунанд.
Ереванӣ афзуд, интиқоли донишу фанноварии ҳастаӣ, ки ба мӯҷиби модаи чаҳоруми Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва асосномаи ожонс тазмин шудааст, на як имтиёз, балки ҳаққи зотӣ ва ғайриқобили салб аст.
Вай хотирнишон кард, ҷаҳон шоҳиди иқдоми амиқан ҷинояткорона ва мутаҷовизонае дар июни 2025 буд. Режими саҳюнистӣ танҳо чанд соат пас аз тасвиби қатъномае бо ангезаи сиёсӣ дар Шӯрои ҳукком, ҳамалоти густарда ва сангинеро алайҳи таъсисоти ҳастаии таҳти подмони Эрон, ки таҳти назорати комили ожонс қарор доранд оғоз кард. Ин ҳамалоти ҷинояткорона донишмандони эронӣ ва хонаводаҳои ононро ҳадаф қарор дод, ҳазорон нафарро ба қатл расонад ё маҷрӯҳ намуду хисороти моддии азиме бар ҷо гузошт.
Ереванӣ дар идома гуфт: Амрико, ки узви доими Шӯрои амният ва амини муоҳидаи НПТ аст, бо пайвастан ба ин таҷовуз дар 22 июн ба таври мустақим таъсисоти таҳти назорати ожонсро ҳадаф қарор дод. Ин иқдомот нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал, Маншури милали муттаҳид, асосномаи ожонс ва қатъномаи 487 (1981) Шӯрои амният буд; қатъномае, ки сароҳатан ҳар гуна ҳамла ба таъсисоти ҳастаии таҳти падманро мамнӯъ месозад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержии атомиро сугирона медонад ба ин иллат, ки Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ аз ин ниҳод барои аҳдофи сиёсии худ алайҳи кишварҳои мустақил истифода мекунанд ва ба ҷои тамаркуз бар масоили фаннӣ, гузоришҳоро ба абзоре барои эъмоли таҳриму фишори дипломатӣ алайҳи Эрон табдил кардаанд.
Эрон борҳо ҳушдор дода, ки Иёлоти муттаҳида ва тройкаи Аврупо (Англия, Фаронса, Олмон) бо ироаи қатъномаҳои зиддиэронӣ дар Шӯрои ҳукком амалан раванди баррасии парвандаи Эронро аз масири фаннӣ хориҷ карда ва ба арса сиёсӣ кашондаанд. Гузоришҳои ожонс бавижа пас аз хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ, баҳонае барои ташдиди фишорҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ алайҳи Эрон будааст.
Мақомоти эронӣ мегӯянд, ожонс дар гузоришҳои худ ҳамкориҳои густардаи Эронро нодида мегирад ё камаҳамият ҷилва медиҳад, дар ҳоле, ки Эрон борҳо эълом карда, фаъолиятҳояш сулҳомезу таҳти назорати подмонҳост. Эрон бар бетарафии гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъкид мекунад, зеро эътибору машрӯъияти ин ниҳод танҳо замоне ҳифз мешавад, ки гузоришҳо ҳирфаӣ, мубтанӣ бар воқеият ва орӣ аз фишорҳои сиёсӣ бошанд.
«Тройкаи аврупоӣ» шомили Фаронса, Олмону Англия пешнависи қатъномае алайҳи Эронро омода кардаанд, ки қарор аст дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз 19 то 21 ноябр (28 то 30 обон) ироа шавад. Иқдомоти зиддиэронии Амрико ва тройкаи аврупоӣ дар шароите анҷом мешавад, ки Эрон ҳамчунон ба таъомули дипломатӣ ва ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ идома дода ва таъкид кардааст, ки дар сӯрати бозгашти тарафҳои муқобил ба тааҳҳудоти худ, омодаи эҳёи тавофуқ аст.
Тавофуқи ахири Эрону ожонс дар Қоҳира барои аз саргирии бозрасиҳои фаннӣ ва музокироти дипломатӣ дар Женева, Масқат ва Рум ҳамагӣ нишондиҳандаи тамоюли Теҳрон ба ҳалу фасли мавзӯ аз тариқи дипломасии машрӯт ба ироаи замонатҳои воқеӣ барои рафъи таҳримҳост. Эрон борҳо таъкид кардааст, ки барои дастёбӣ ба тавофуқе пойдору қобили эътимод, ки таҳримҳоро ба сӯрати тазмин шуда лағв кунад ва монеъ аз сӯиистифода дар оянда шавад, омодагӣ дорад.