Январ 21, 2017 19:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон мақсади ҷазоби гардишгарии  2017

Рӯзномаи фаронсавӣ навишт, Ҷумҳурии Исломии Эрон мақсади ҷазоб барои гардишгарони хориҷӣ дар соли 2017 аст.

Ба гузориши рӯзномаи фаронсавии Фигаро, Ҷумҳурии Исломии Эрон як сол пас аз лағви таҳримҳо беш аз пеш мизбони гардишгарони фаронсавӣ будааст, гардишгарони кунҷков ва равшанфикр ва ожонсҳои гардишгарӣ бар ғинои фарҳангии Эрон таъкид доранд.

Бар асоси ин гузориш омори иттиҳодия «Сту Seto» (Иттиҳоди ширкатҳои гардишгарии Фаронса) нишон медиҳад, дар як соли гузашта сафарҳо ба Эрон 144 дарсад афзоиш ёфтааст.

Фигаро бозгушоии хатти ҳавоии Париж-Теҳрон дар апрели 2015-ро аз дигар мазиятҳо барои изофа шудани номи Эрон ба феҳристи мақосиди гардишгарии ожонсҳои мусофиратӣ унвон кард.

Patricia Doria-мудири бозорёбии як ожонси гардишгарӣ дар Фаронса гуфт, Эрон мақсади ҷадид барои мусофирон ба шумор меравад ва парвозҳои хурӯҷӣ ба мақсади Эрон барои баҳори соли оянда тақрибан такмил шудааст.

Ба гуфтаи вай, аз манзари боздидкунандагон аз Эрон, роҳи Абрешим, шаҳри Шероз ва харобаҳои бостониаш ва ҷозибаҳои зебои Исфаҳон, устураҳои абдии Эрон ҳастанд.

Вай афзуд, бар хилофи тасаввури бисёре аз аврупоиҳо аз Эрон ба унвони кишваре баста, мусофирон ва гардишгарон пас аз сафар ба Эрон бо тасвире мутафовит аз ин кишвар боз мегарданд.

Дар ҳамин ҳол хонум Каронао-мудири кулли гардишгарии Вазорати тавсеаи минтақаии кишвари Чехя, рӯзи шанбе дар дидор бо кордори Эрон дар он кишвар, бо ишора ба мақосиди гардишгарии ҷазоби Эрон, ароаи тасҳилот барои сафари туристҳои Чехя ба Эронро хостор шуд.

 

Барчасп