Ҷангалҳои ҳирконии Гулистон , гавҳари сабз дар шимоли Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123380-Ҷангалҳои_ҳирконии_Гулистон_гавҳари_сабз_дар_шимоли_Эрон
Порстудей - Ҷангалҳои ҳиркони(геркани)и Гулистон, ки дар имтидоди каронаи ҷанубии баҳри Хазар густарда шудаанд , дар устони Гулистон, воқеъ дар шимолу шарқи Эрон ба ҷаззобтарин шакли худ мерасанд ; ҷое ки ғанитарин ва бикртарин зистгоҳҳои ин экосистемаи куҳан дар он шукуфо шудааст.
(last modified 2025-12-13T12:08:56+00:00 )
Декабр 13, 2025 11:15 Asia/Dushanbe
  • ҷангалҳои Гулистон
    ҷангалҳои Гулистон

Порстудей - Ҷангалҳои ҳиркони(геркани)и Гулистон, ки дар имтидоди каронаи ҷанубии баҳри Хазар густарда шудаанд , дар устони Гулистон, воқеъ дар шимолу шарқи Эрон ба ҷаззобтарин шакли худ мерасанд ; ҷое ки ғанитарин ва бикртарин зистгоҳҳои ин экосистемаи куҳан дар он шукуфо шудааст.

Ҳудуди 21 то 25 дарсад аз кулли масоҳати ҷангалҳои ҳирконӣ дар устони Гулистони Эрон воқеъ шуда ва ҳамин амр ин минтақаро ба яке аз конунҳои аслии ин мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО табдил кардааст. Ба гузориши Порс тудей , ҷангалҳои ҳирконии Гулистон бо доро будани манотиқи иқлимии мутанаввиъ(гуногун) чашмандозҳои тамошоӣ , ҳайвоноти зиёд ва пӯшиши гиёҳии анбӯҳ ганҷинаи бошукӯҳ аз табиат ва бахши бебадил аз мероси бумшинохтии ҷаҳон ба шумор меравад.
Минтақаҳои аслии ҷангалҳои ҳирконӣ дар устони Гулистон
Ҷангалҳои ҳирконии Гулистон ҳар як чашмандоз , танаввуъи зистӣ ва ҷаззобияти табиии беназир ироа медиҳанд. Аз паркҳои миллӣ гирифта то манотиқи ҳифозатшуда(минтақаҳои муҳлфизатшаванда) ва ҷангалҳои истироҳатии маҳбуб дар наздикии шаҳри Гургон , ҷангалҳои Гулистон намоёнгари тору пуди ғанӣ аз экосистемаҳо ҳастанд, ки мероси табиии чашмгири ин устони соҳилиро ба намоиш мегузоранд. Бархе аз манотиқи машҳури ҷангалҳои ҳирконӣ дар Гулистон иборатанд аз : Парки миллии Гулистон , минтақаи ҳифозатшудаи Ҷаҳоннамо, ҷангали Наҳорхурон , ҷангали Тусикстон, ҷангали Шасткуло , ҷангали Абр ва ҷангали Рангу бо чашмандози дилангез.
Парки миллии Гулистон
Парки миллии Гулистон ба унвони қадимитарин парки миллии Эрон , яке аз муҳимтарин бахшҳои ҳифозатшудаи ҷангалҳои ҳирконӣ аст, ки ҷозибаи бузург барои гардишгарон низ маҳсуб мешавад. Ин парк бо масоҳати беш аз 900 километри мураббаъ , манзараи хориқулода аз ҷангалҳои анбӯҳ , сабзазорҳои васеъ, теппаҳои маввоҷ , обшорҳо ва чашмаҳоро пеши чашми боздидкунандагон мекушояд.

Намое аз парки миллии Гулистон , қадимитарин парки миллии Эрон ва яке аз муҳимтарин бахшҳои ҳифозатшудаи ҷангалҳои ҳирконӣ

Ба лутфи зистгоҳҳои мутанаввиъ, ин парк яке аз ғанитарин захирагоҳҳои табиии Эрон аз назари танаввуъи зистӣ аст. Гунаҳои машҳури ҳамчун оҳуи Марал , гавазни Шуко ва паланги эронӣ дар ин парк паноҳгоҳи амн ёфтаанд. Парки миллии Гулистон бо доманаи гиёҳии беназир намоёнгари бахши бо аҳамияти ҷаҳонӣ дар маҳдудаи сабтшудаи ҳирконӣ тавассути ЮНЕСКО аст.
Ҷангали Ҷаҳоннамо
 Минтақаи Ҷаҳоннамо, ки бар баландиҳои ҷанубу шарқии Гургон устувор шуда , яке аз бикртарин чашмандозҳои ҷангалии устони Гулистон аст . Кӯҳҳои сар ба фалак кашида , дарраҳои жарф , чаманзорҳои густарда ва дарахтони куҳансол , ҳамагӣ дар канори ҳам манзараи хиракунанда меофаринанд.

Минтақаи Ҷаҳоннамо яке аз бикртарин манзараҳои ҷангалии Гулистон

Ин минтақа, ки ба унвони як минтақаи ҳифозатшуда шинохта мешавад , ба шакли қобили таваҷҷӯҳе дастнахурда боқӣ мондааст. Галаҳои марал , парандагони шикории авҷгиранда , гулҳои ваҳшии шукӯфо дар баҳор ва шоху барги оташин дар пойиз , онро ба биҳиште барои дӯстдорони табиат бадал кардааст.
Ҷангали Наҳорхурон
  Ҷангали Ноҳорхурон, ки дар ҷануби шаҳри Гургон воқеъ шуда , яке аз маҳбубтарин ва дурдастрастарин манотиқи ҷангалҳои ҳирконӣ аст. Ин ҷангали куҳан солона ҳазорон боздидкунандаро ба сӯи худ ҷазб мекунад.

Ноҳорхурон яке аз маҳбубтарин ва дар дастрастарин манотиқи ҷангалии ҳирконӣ

Бо ҳавои намнок, масирҳои пиёдаравии дилнишин , дарахтони сар ба фалак кашида , ҷӯйборҳои кучак ва насими мулоиме, ки пайваста дар ҷангал дар гардишаст , Ноҳорхурон ба унвони як паноҳгоҳи табиӣ ва воҳаи оромишбахш барои сокинони маҳаллӣ ва гардишгарон амал мекунад.
Ҷангали Тускистон
Тускистон дар ҷануби Гургон ва дар имтидоди ҷодаи дидании Шасткуло воқеъ шудааст. Ин минтақа бо сарсабзии анбӯҳ ва масирҳои печдарпеч ва туманолуди худ , мақсади маҳбуб дар миёни кӯҳнавардону табиатдӯстон аст.

Ҷангали Тускистон ба хотири сарсабзӣ ва масирҳои пурпечухам ва туманолудаш машҳур аст

Ин ноҳия мизбони маҷмӯъаи ғанӣ аз гунаҳои дарахтӣ аз ҷумлаи туско ( ки номи минтақа аз он гирифта шудааст ) , ифро , балут ва рош аст, ки яке аз анбӯҳтарин бахшҳои ҷангалҳои ҳирконии Гулистонро ташкил медиҳад.
Ҷангали Шасткуло
Шасткуло, минтақаи орому пушида аз ҷангалҳои анбӯҳ дар наздикии Гургон аст. Дарахтони баланд , масирҳои оромишбахшу ҷӯйборҳое, ки ба нармӣ аз миёни ҷангал мегузаранд фазойи саршор аз оромиши маҳз меофаринанд.

Обшори Биҳишт​​борон дар ҷангали Шасткуло

Ба далели баландиаш, ин ҷангал дар тӯли сол таблои рангорангу мутағаййирро ба намоиш мегузорад, ки ин тағйир ба вижа дар пойиз чашмгир аст ; замоне, ки чашмандози ҳирконӣ ба торупуди дурахшон аз рангҳои сурх , тиллоӣ ва норанҷӣ бадал мешавад.
Ҷангали Рангу
Ҷангали Рангу, ки дар наздикии Гургон воқеъ шуда , яке аз манотиқи ҷангалии камтаршинохташуда, аммо ба ғоят зебои устони Гулистон аст. Меҳ(туман)и субҳгоҳӣ, ки миёни дарахтони пӯшида аз хаза ҷараён меёбад , овози парандагоне ки дар тоҷпӯши ҷангал танинандоз мешавад ва масирҳои дастнахурдаи пиёдаравӣ , Рангуро ба паноҳгоҳи ростин барои касоне бадал мекунад, ки дар ҷустуҷӯи оромишу зебоии табиӣ ҳастанд.
Ҷангали Абр
Агарчӣ бахши умдаи ҷангали Абри маърӯф дар устони Симнон қарор дорад , аммо доманаҳои он ба устони Гулистон низ имтидод ёфта ва чашмандози дилангезро падид меоварад.

Ҷангали Абр ҷое аст, ки меҳи ғализ ва абрҳои меҳолуд ағлаби дарахтонро мепӯшонанду фазойии мармуз эҷод мекунанд 

Дар инҷо яке аз падидаҳои хориқулодаи табиат рух медиҳад : « дарёи абр » ки бар асари бархӯрди тӯдаҳои абру меҳ бо қуллаҳои кӯҳистонӣ шакл мегирад. Дарахтони баланде, ки аз миёни меҳ сар бар меоваранд , ҳавои тозаи кӯҳистонӣ ва чашмандозҳои васеъ , ҷангали Абрро ба намоде аз шигифтиҳои ҳирконӣ бадал кардаанд .
Аҳамияти ҷангалҳои ҳирконӣ
Дар соли 2019 , ЮНЕСКО ҷангалҳои ҳиркониро дар феҳристи мероси ҷаҳонии худ сабт кард. Устони Гулистони Эрон бо дарахтони куҳан , экосистемаҳои фарқкунанда ва олами ҳайвоноти ғании худ нақши меҳварӣ дар ин шиносои ҷаҳонӣ ифо мекунад. Дарахтони садҳосола , гунаҳои нодиру экосистемаҳое, ки аз дигаргуниҳои чашмгири иқлимӣ ҷон ба дар бардаанд , бар аҳамияти ҷаҳонии ҷангалҳои Гулистон таъкид доранд. Ба далели танаввуъи иқлимӣ , аз навоҳии паст то кӯҳистонҳои баланд , Гулистон мизбони яке аз мутанаввиътарин бахшҳои гиёҳӣ дар маҳдуда ҳирконӣ аст. Аз барҷастатарин гӯнаҳои дарахтӣ ва гиёҳии ёфтшуда дар ин минтақа метавон ба роши ҳирконӣ , балути эронӣ , туско , ифро , норван , шамшоди ҳирконӣ ва садҳо гиёҳи доруӣ ва алафӣ ишора кард . Ин сарвати гиёҳӣ , устони Гулистонро ба махзани генетикии ҳаётӣ ва таҳкурсӣ дар ҳифозати гиёҳӣ табдил кардааст . Гулистон ба ҳамон андоза ба далели олами ҳайвоноти худ мутамойиз(фарқкунанда)аст, ки вобаста ба минтақаҳои ҳифозатшудаи густардае чун парки миллии Гулистон ва минтақаи ҳифозатшудаи Ҷаҳоннамо аст . Ин устон зистгоҳи бархе аз шохистарин пистондорони Эрон аз ҷумлаи марал , шуко , гуроз , паланги эронӣ , хирси қаҳваӣ , гург ва гунаҳои мухталифи бузу қучи ваҳшӣ аст . Ҳаёти парандагон низ дар ин минтақа шукӯфост ва гунаҳое чун қарқовули хазарӣ , кабк , уқоби тиллоӣ , шоҳин , ҷуғди ҷангалӣ , тукои сиёҳ ва бисёре дигар дар ҷангалҳову дарраҳои ин минтақа зиндагӣ мекунанд. Хазандагону дузистоне чун мори чаманӣ , мори қафқозӣ ва қурбоққаи ҷангалӣ низ бар гунаи бумшинохтии ин минтақа меафзоянд. Дар маҷмӯъ , ин танаввуъи истисноӣ Гулистонро ба яке аз устувортарин паноҳгоҳҳои ҳаёти ваҳш дар ғарби Осиё табдил кардааст. Фаротар аз танаввуъи зистӣ , нақши бумшинохтии ҷангалҳои ҳирконӣ дар Гулистон зарурӣ ва ғайри қобили ҷойгузин аст. Ин ҷангалҳо кислород тавлид мекунанд ва ҳаворо ба таври табиӣ пок(тасфия) мекунанд , аз танаввуъи олами ҳайвонот муҳофизат мекунанд , аз фарсойиши хок ҷилавгирӣ мекунанд , обҳои сатҳӣ ва зеризаминиро танзим мекунанд ва ба таъдили иқлими минтақаӣ кумак мекунанд. Зарфияти онҳо дар ҷазби карбон низ таъсироти тағироти иқлимиро коҳиш медиҳад ва онҳоро ба дороиҳои муҳити зистии зарурӣ барои Эрону минтақа табдил мекунад.
Гардишгарӣ ва табиатгардӣ
Устони Гулистони Эрон, биҳишти чаҳорфасл барои мусофирон аст. Аз шукуфаҳои баҳорӣ то ҳавои хунуки тобистон , рангҳои зиндаи пойизӣ ва чашмандозҳои меҳолуди зимистонӣ , ҳар фасл чеҳраи тоза аз ҷаҳони ҳиркониро ошкор мекунад. Масирҳои пиёдаравӣ , баландиҳои Ҷаҳоннамо , масирҳои сарсабзи Ноҳорхурон , ҷангали Абри афсонаӣ ва ҳаёти ваҳши парки миллии Гулистон , ҳамагӣ ин устонро ба мақсади бартар барои табиатгардӣ табдил кардаанд. Ҷангалҳои ҳирконии устони Гулистон гувоҳи зинда бар таърихи куҳани табиии кураи Замин ҳастанд ; экосистемаҳое, ки даҳҳо миллион сол давом овардаанд ва акнун ба унвони мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шинохта мешаванд.