Ваҳшати саҳюнистҳо аз оромгоҳи шаҳид Иззуддин Қассом - намоде ки ҳанӯз меҷангад
-
Шайх Иззуддин Қассом, аз раҳбарони муқовимати Фаластин
Порс-Тудей. Яке аз раҳбарони Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар вокуниш ба тахриби чодари оромгоҳи шаҳид Иззуддин Қассом аз тарафи саҳюнистҳо гуфт: Ишғолгарон ҳаргиз наметавонанд ҳофизаи як миллатро маҳв кунанд.
Шайх Иззуддин Қассом, олими динӣ ва муҷоҳиди суриюласл, ки дар даҳаи 1930 мелодӣ нахустин ҳастаҳои муқовимати созмонёфтаи мусаллаҳона алайҳи истеъмори Британия ва саҳюнизмро дар Фаластин бунён ниҳод, ба намоде фаромӯшношуданӣ дар таърихи мубориза табдил шудааст. Шаҳодати ӯ дар соли 1935 мелодӣ ҷараққаи оғози инқилоби бузурги Фаластин дар соли 1936 буд ва имрӯз номи ӯ бар бузургтарин шохаи низомии Ҳамос, яъне гурдонҳои Иззуддин Қассом ва дар қалби ҳар муборизи фаластинӣ зинда аст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, пас аз таҳдиди ошкори Итамар бен Гвир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, мабнӣ бар тахриби оромгоҳи шайх Иззуддин Қассом, намоди таърихии муқовимати Фаластин, неруҳои ишғолгар бо юриш ба гӯристони Қассом дар наздикии Ҳайфа, чодари барпошуда дар канори ин оромгоҳро барчиданд. Ин иқдом ки аз сӯи ҷунбиши Ҳамос суқути ахлоқӣ ва талош барои маҳви ҳофизаи як миллат тавсиф шудааст, нишондиҳандаи умқи ҳароси режими саҳюнистӣ аз намодҳои зиндаи муқовимати Фаластин аст. Ин иқдоми саҳюнистҳо мавҷе аз маҳкумияту хашм дар миёни фаластиниён ва ҷараёнҳои муқовимат барангехта аст. Ин иқдом, ки дар ростои ҳазфи физикии намодҳои таърихии муборизаи фаластинӣ сурат гирифтааст, аз сӯи нозирон ба унвони нишонае аз тарси амиқи режими саҳюнистӣ аз мероси зиндаи муқовимат тафсир шудааст.
Дар ин замина Маҳмуд Мардови, аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза, ин иқдомро идомаи ҳамон сиёсати саркӯбу ҳазфи ҳамаҷониба хонду хостори мавзеъгирии фаврии ҷомеаи байналмилалӣ барои маҳори ин ваҳшигарӣ шуд. Вай афзуд: Ишғолгарон ҳаргиз нахоҳанд тавонист мероси шаҳид шайх Иззуддин Қассом, қаҳрамониҳои ӯ ва роҳеро, ки наслҳост идома дорад, маҳв кунанд. Ин мерос дар виҷдони миллати Фаластину уммати арабиву исломӣ зинда хоҳад монд.
Ин иқдоми режими саҳюнистӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ин режим дар моҳҳои ахир ба таври системавӣ ба тахриби маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар Фаластини ишғолӣ ва ба вижа Ғазза даст задааст. Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки чунин иқдомоте на танҳо қодир ба маҳви ҳофизаи ҷамъии фаластиниён нест, балки баръакс, бар ҷойгоҳи намодине чун Қассом ба унвони санаде зинда бар ҳаққонияти муқовимат меафзояд ва хашми мардумиро алайҳи ишғол амиқтар мекунад.