Қатъномаи нави Маҷмаъи умумии Созмони Милал ; мавзеъгирии ҷаҳонӣ алайҳи режими саҳюнистӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123384-Қатъномаи_нави_Маҷмаъи_умумии_Созмони_Милал_мавзеъгирии_ҷаҳонӣ_алайҳи_режими_саҳюнистӣ
Порс тудей - Созмони Милал Исроилро вазифадор ба иҷрои ҳукми Девони байналмилалии додгустарӣ кард.
(last modified 2025-12-13T13:13:59+00:00 )
Декабр 13, 2025 18:12 Asia/Dushanbe
  • Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид
    Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид

Порс тудей - Созмони Милал Исроилро вазифадор ба иҷрои ҳукми Девони байналмилалии додгустарӣ кард.

Ба гузориши Порс тудей , Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамзамон бо поймолсозии оташбаси Ғазза аз сӯи Исроил, бо тасвиби қатъномаи нав Тел-Авивро вазифадор ба иҷрои ҳукми Девони байналмилалии додгустарӣ дар бора ин минтақа кард.
Ин ниҳод рӯзи ҷумъаи 12 декабр қатъномаеро тасвиб кард, ки аз Исроил мехоҳад дастрасии комили башардӯстона ба борикаи Ғазза эҷод намуда ва ғизо,об, дору ва сарпаноҳро барои сокинони борикаи Ғазза фароҳам кунад,ба дахлнопазирии идораҳои Созмони Милал эҳтиром бигузорад ва ба таъаҳҳудоти худ тибқи ҳуқуқи байналмилал пойбанд бошад.
Ин қатънома дар посух ба назари машваратии ахири Девони байналмилалии додгустарӣ ( ICJ ) тасвиб шуд, ки вазифаҳои Исроилро ҳам ба унвони « қудрати ишғолгар » ва ҳам ба унвони узви Созмони Милал шарҳ медиҳад.
Қатъномаи мазкур, ки тавассути Норвегия ва беш аз 12 кишвари дигар ироа шуд, бо ҳимояти 139 кишвар ба тасвиб расид. 12 кишвар ба он раъйи мухолиф ва 19 кишвар раъйи бнтарафона доданд. Мурте Филд Бротстед-намояндаи доими Норвегия дар Созмони Милал пеш аз раъйгирӣ дар бораи вазъияти фаластиниҳо ҳушдор дод : Соли 2024 яке аз хушунатомезтарин солҳо дар се даҳаи ахир буд. Вай афзуд : Соли 2025 низ ҳамин масирро тай кардааст ва нишонаҳои андаке вуҷуд дорад, ки ин раванд дар соли пеши рӯ ( 2026 ) коҳиш ёбад. Вазъият дар Фаластини ишғолӣ ба вижа дар маркази тавваҷуҳ қарор дорад. Сафири Норвегия дар Созмони Милал изофа кард : Ғайринизомиёни бештарин зарбаро мехуранд. Эҳтиром ба усӯли башардӯстона дар ҳоли коҳиш аст ва бунёдитарин усӯли ҳуқуқи башардӯстона таҳти фишор қарор гирифтаанд.Вай ёдовар шуд, ки кишварҳои узв ба дунболи шафофият « дар масоили бунёдии марбут ба ироаи кумакҳои ҳаётии башардӯстона ба ҷамъияти ғайринизомии Фаластин » будаанд .
Аммо Ҷефф Бортус-намояндаи Амрико пеш аз раъйгирӣ ин қатъномаро рад кард ва дар ҳимоят аз Исроил ва алайҳи Маҷмаъи умумии Созмони Милал ва қатъномаҳои он  сухан гуфт. Ин мақоми Амрико бо баёни ин иддао ки « ин қатъномаи намойишӣ танҳо мӯҷиби ихтилоф мешавад ва монеъи сулҳ аст » таъкид кард, ки Вашингтон ба ин қатънома раъйи манфӣ хоҳад дод ва аз дигар кишварҳо низ хост ба ин қатънома раъйи манфӣ диҳанд.
Аммо ба рағми талошҳову изҳороти намояндаи Амрико ин қатънома ба тасвиб расид. Ин амр нишондиҳандаи заволи ошкори нуфузи ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида ва низ ҳамбастагии рӯзафзӯни кишварҳо бо мардуми мазлӯми Фаластин аст, ки акнун беш аз ҳар замони дигаре таҳти фишори режими саҳюнистӣ қарор доранд.
Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар 5 декабр низ бо аксарияти қотеъи оро , 5 қатънома ба нафъи Фаластин, аз ҷумла тамдиди маъмурияти UNRWA , маҳкумияти шаҳраксозиҳои Исроил ва ҳимоят аз ҳуқуқи паноҳндагони фаластинӣ тасвиб кард.
Агарчӣ қатъномаҳои Маҷмаъи умумии СММ замонати иҷроӣ надоранд, аммо нишондиҳандаи ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҳуқуқи паноҳндагони фаластинӣ ва танҳоии физояндаи Исроил дар арсаи ҷаҳонӣ аст.
Қатъномаи ахири Маҷмаъи умумӣ бори дигар нишон дод, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ нисбат ба иқдомоти режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ва ба вижа борикаи Ғазза мавзеъи ҷиддӣ ва интиқодӣ дорад. Ин қатънома, ки бо ҳимояти густардаи аъзо тасвиб шуд , режими саҳюнистиро муваззаф мекунад, то ҳукми Девони байналмилалии додгустарӣ дар хусуси имдодрасонӣ ба Ғаззаро иҷро карда ва дастрасии мардуми ин минтақа ба ғизо , об , дору ва сарпаноҳро тазмин кунад. Ҳамчунин дар матни қатънома таъкид шудааст, ки Тел-Авив набояд монеъи амалиёти имдодрасонӣ шавад ва набояд ғайринизомиёни фаластиниро дар шароити оворагӣ ва гуруснагӣ нигаҳ дорад.
Ин иқдоми Маҷмаъи умумиро метавон нишонае аз афзоиши фишорҳои байналмилалӣ бар режими саҳюнистӣ донист . Дар шароите, ки ба рағми барқарории оташбаси зоҳирӣ ба далели мамониати ин режим мардуми Ғазза бо вазъияти бисёр ногуворе мувоҷеҳ ҳастанд ва гузоришҳои гуногуне аз камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мунташир мешавад, тасвиби чунин қатъномае баёнгари ҳамбастагии ҷаҳонӣ бо мардуми Фаластин аст. Ҳимояти 139 кишвари узви Созмони Милал аз ин қатънома низ нишондиҳандаи ҳамфикрии густарда дар маҳкумияти сиёсатҳои ишғолгарона ва маҳдудкунандаи режими саҳюнистӣ аст.
Аз манзари сиёсӣ ин қатънома аҳамияти вижае дорад, зеро Маҷмаъи умумии Созмони Милал ба унвони наҳоди фарогир , садои аксарияти ҷомеъаи ҷаҳониро бозтоб медиҳад . Ҳарчанд қатъномаҳои ин маҷмаъ илзомовар нестанд , аммо бори ҳуқуқӣ ва ахлоқии онҳо метавонад заминасози фишорҳои бештар бар режими саҳюнистӣ шавад. Ба вижаи онки дар матни қатънома бар масъӯлияти Созмони Милал дар қиболи масаълаи Фаластин то дастёбӣ ба роҳи ҳалли ҷомеъ таъкид шудааст. Ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки масаълаи Фаластин ҳамчунон дар авлавияти дастури кори байналмилалӣ қарор дорад ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳозир нест нисбат ба нақзи ҳуқуқи башар дар ин минтақа сукут кунад.
Аз сӯи дигар ин қатънома паёми равшане барои кишварҳои ҳомии режими саҳюнистӣ дорад. Тасвиби он бо аксарияти қотеъи оро нишон дод, ки сиёсатҳои Тел-Авив дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш мунзавӣ шуда ва ҳатто бархе муттаҳидони суннатии ин режим низ таҳти фишори афкори умумии ҷаҳон ночор ба бознигарӣ дар мавозиъи худ хоҳанд шуд.
Дар ниҳоят метавон гуфт ки ин қатънома на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки як мавзегирии сиёсӣ ва ахлоқӣ алайҳи иқдомоти режими саҳюнистӣ аст. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо ин иқдом бори дигар бар зарурати поён додан ба иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлӯми Ғазза , эҳтиром ба ҳуқуқи ғайринизомиён ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид кардааст. Ҳарчанд иҷрои амалии ин хостаҳо ниёзманди иродаи сиёсӣ ва фишорҳои бештар аст, аммо тасвиби чунин қатъномае метавонад нуқтаи сарнавиштсоз дар масири ҳимояти ҷаҳонӣ аз мардуми Фаластин ва муқобила бо сиёсатҳои ишғолгарон бошад.