Девори бузурги Гургон ; шигифтии муҳандисии давраи сосонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123410-Девори_бузурги_Гургон_шигифтии_муҳандисии_давраи_сосонӣ
Порс тудей - Дар зери хоки офтоби сӯхтаи шимоли Эрон , биное аз гузаштаи салтанатӣ ва нубуғи муҳандисӣ наҳуфтааст, ки бо маърӯфтарин монеъаҳои дифоии ҷаҳони бостон рақобат мекунад.
(last modified 2025-12-15T05:09:53+00:00 )
Декабр 15, 2025 10:08 Asia/Dushanbe
  • девори бостонии Гургон
    девори бостонии Гургон

Порс тудей - Дар зери хоки офтоби сӯхтаи шимоли Эрон , биное аз гузаштаи салтанатӣ ва нубуғи муҳандисӣ наҳуфтааст, ки бо маърӯфтарин монеъаҳои дифоии ҷаҳони бостон рақобат мекунад.

Девори бузурги Гургон дар устони Гулистон , воқеъ дар шимолу шарқи Эрон бо тули тақрибан 200 километр аз кӯҳҳои Албурз то баҳри Хазар , гувоҳе бар қудрату печидагии императории сосонӣ аст , иқдоми азим ки яке аз бузургтарин императориҳои таърихро аз ҳуҷуми бегонагон муҳофизат мекард. Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Пресс ТВ , ин девори азим ки ағлаб дар сояи ҳамтоёни чинӣ ва румии машҳуртари худ қарор дорад ва ба далели хиштҳои пухтаи фарқкунандааш дар маҳал ба унвони “ мори сурх “ шинохта мешавад , авҷи меъмории низомии бостонӣ , муҳандисӣ ва созмондиҳии нақлиётиро нишон медиҳад .
Техникаҳои сохти он барои замони худ инқилобе будаанд ва қалъаҳои хомӯши он достонҳое аз як артиши императории муназзамро замзама мекунанд, ки замоне қалби ободи Эронро аз таҳоҷум муҳофизат мекард . Девори бузурги Гургон сирфан як девор нест , балки як системаи дифоии якпорча бо печидагии беназир аст, ки кашфи муҷаддаду таҳлили илмии он , арзёбии муҷаддади қобилиятҳои сосониёну нақши ҳаётии онҳо дар набардҳои геополитикии охирҳои даврони бостонро зарурӣ сохтааст.
Девори бузурги Гургон, ки аз қарни панҷум то ҳафтуми милодӣ сохта шуда , аҳамияти ҷаҳонии онро ошкор мекунад. Ин девор бо тӯли тақрибии 200 километр тӯлонитарин монеъи бостонии дорои дижу истеҳкомот маҳсуб мешавад.
Барои дарки миқёси девори бузурги Гургон бояд гуфт, ки ин девор аз девори Ҳодрён ва девори Антонин дар Британия рӯй ҳам рафта тӯлонитар аст ва беш аз се баробар тӯлонитарин девори дифоии румӣ, яъне девори Анастазия дар наздикии Константиния тӯл дорад.
Хориқулодатарин ҷанбаи девори бузурги Гургон , тӯли он нест , балки роҳи ҳалҳои муҳандисии мавриди ниёз барои сохти он аст.
Қаламрави бедарахт ва бесанги дашти Гургон орӣ аз масолеҳи сохтмонии суннатӣ буд. Муҳандисони сосонӣ бо ҷоҳталабии нафасгир ба ин чолиш посух доданд ва тасмим гирифтанд тамоми саддро аз ҳиштҳои пухта бисозанд.
Тахминҳо нишон медиҳад, ки ҳудуди 200 миллион ҳишт ҳар кадом бо вазни тақрибии 20 килограм  мавриди ниёз будааст. Барои тавлиди ин миқдори сарсомовар дар маҳал созандагон як хати тавлиди саноъатии воқеӣ дар имтидоди масири девор эҷод карданд.
Баррасиҳои бостоншиносӣ вуҷуди кураҳои хиштпазиро, ки дар фосилаҳои бисёр наздик ҳар 37 то 86 метр қарор гирифтаанд , ошкор кардааст, ки дар маҷмӯъ ба 3000 то 7000 кӯра мерасад.
Бо ин ҳол пухти ин хиштҳо чолиши азими дигареро низ ба ҳамроҳ дошт : ин кор ба манбаи азиму қобили эътимоде аз об ниёз дошт. Посухи сосониён ба ин чолиш шоҳкоре аз муҳандисӣ буд .Онҳо як канали аввалия ҳафр карданд, ки дар тули масири девор имтидод дошт , канале бо камиаш 5 метр умқ . Ин канал тавассути як системаи печида аз каналҳои обрасонӣ пур мешуд .