Сафири Қазоқистон: Пайванди фарҳангии Остона ва Теҳрон пешинаи ҳазорсола дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123470-Сафири_Қазоқистон_Пайванди_фарҳангии_Остона_ва_Теҳрон_пешинаи_ҳазорсола_дорад
Порс-Тудей. Сафири Қазоқистон дар Теҳрон пайванди ин кишвар ва Эронро амиқ ва таърихӣ донист.
(last modified 2025-12-19T12:36:18+00:00 )
Декабр 19, 2025 17:34 Asia/Dushanbe
  • Онталоп Оналбоев, сафири Қазоқистон дар Теҳрон
    Онталоп Оналбоев, сафири Қазоқистон дар Теҳрон

Порс-Тудей. Сафири Қазоқистон дар Теҳрон пайванди ин кишвар ва Эронро амиқ ва таърихӣ донист.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Онталоп Оналбоев, сафири Қазоқистон дар Теҳрон, шомгоҳи панҷшанбе дар сеюмин шаби баргузории ҳафдаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвом дар Гургон (воқеъ дар шимоли Эрон) бо ишора ба пайвандҳои таърихӣ ва фарҳангӣ миёни Эрон ва Қазоқистон гуфт: Дӯстӣ ва муҳаббати наздик миёни ду кишвар барқарор аст ва ин равобит дорои қаробати фарҳангии амиқ мебошад.

Онталоп Оналбоев афзуд: Аз як қарн пеш то кунун тақрибан ҳафт ҳазор нафар аз қазоқҳо дар устони Гулистон, воқеъ дар шимоли Эрон зиндагӣ мекунанд ва аз давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми устони Гулистон ташаккур мекунам, ки дар тамоми ин солҳо бо ҳамватанони мо ҳамчун як шаҳрванди эронӣ рафтор кардаанд.

Ӯ бо ишора ба равобити дипломатии ду кишвар хотирнишон кард: Сафари расмии Масъуди Пизишкиён ба Қазоқистон, натиҷаҳои пурбор ва арзишманде дар ҳавзаҳои дипломатӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ барои ду кишвар ба ҳамроҳ доштааст.

Оналбоев ҳамчунин идома дод: Устони Гулистон намунаи комиле аз зиндагии осоишта миёни ақвом ва мазоҳиби мухталиф аст ва мардуми ин устон, мардуми хунгарм, бо муҳаббат ва меҳмоннавоз мебошанд.

Ӯ бо ишора ба сиёсати хориҷии кишвараш гуфт: Қазоқистон як кишвари мустақил бо сиёсати мустақил аст ва Эронро ҳамчун яке аз шарикони муҳими худ дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ медонад.

Сафири ҷумҳурии Қазоқистон баён кард: Мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон протоколҳо ва тавофуқҳои муштараки зиёде дорем, дӯстии наздик миёни ду кишвар барқарор аст.

Ӯ бо таъкид бар пайвандҳои амиқи фарҳангӣ афзуд: Дар ҳавзаи фарҳангӣ иқдомоти бузург ва муштараке миёни Эрон ва Қазоқистон анҷом шудааст ва тақрибан чор дарсади вожаҳои забони қазоқӣ решаи форсӣ доранд, ки ин мавзуъ нишондиҳандаи иртиботи наздики ду кишвар аз ҳазорҳо сол пеш аст.

Оналбоев идома дод: Мардуми Қазоқистон аз даврони кӯдакӣ бо ашъори шоирони бузурге ҳамчун Хайём, Фирдавсӣ, Мавлоно, Саъдӣ ва Ҳофиз ошно мешаванд ва ин иртиботи фарҳангӣ решаи ҳазорсола дорад.