Дигар расонаҳо | Haaretz: Табаъоти наслкушӣ дар Ғазза домани Исроилро гирифтааст
Порс Тудей - Як рӯзномаи саҳюнистӣ навишт, ки табаоти наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза бо вуҷӯди эъломи оташбас, ҳамчунон домани Исроилро дар арсаҳои мухталифи фарҳангӣ, сиёсӣ ва донишгоҳӣ гирифтааст.
Коршиносони сиёсӣ муътақиданд, ки таҳримҳои фарҳангӣ ва академӣ алайҳи режими саҳюнистӣ дар саросари дунё ҳамчунон побарҷо ҳастанду таҳдиди мустақим барои тахриби беш аз пеши чеҳраи Тел Авив маҳсуб мешаванд.
Ба гузориши Порс Тудей, рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретс дар мақолае бо ишора ба инки «табаъоти наслкушӣ дар Ғазза аз назари фарҳангӣ ва академӣ барои Исроил идома дорад», таъкид кард, ки бо вуҷӯди таваққуфи даргириҳо ва бозгашти нисбии фаъолиятҳои иқтисодӣ, паёмадҳои наслкушӣ дар Ғазза барои режими саҳюнистӣ ҳануз ба поён нарасидааст.
Бар асоси ин гузориш, таҳрими мусобиқаи Eurovision тавассути кишварҳо дар эътироз ба ҳузури режим дар ин мусобиқа, шоке дар маҳофили саҳюнистӣ эҷод кард. Ин рӯзнома ба ихтилофи дохилӣ дар режими саҳюнистӣ, ишора ва таъкид кард, ки дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ мардум ҷангро рӯйдоде тамом шуда медонанд, аммо дар хориҷ аз он, Ғазза ҳамчунон дар конӯни таваҷҷуҳи афкори умумӣ аст. Haaretz афзуд, ки Созмони радио ава телевизиони Ирландия ба далели талафоти инсонӣ дар Ғазза, буҳрони инсонӣ ва ҳадаф қарор додани рӯзноманигорон, аз Eurovision канорагирӣ кард. Беш аз ҳазор нависанда ва шахсияти адабии ҷаҳонӣ таҳрими муассисоти фарҳангии саҳюнистиро эълом карданд.
Ин гузориш тасреҳ кард, ки ибтикороти байналмилалӣ барои мамнуияти мусиқии режими саҳюнистӣ ва пайвастани бозигарону филмсозон ба кампинҳои таҳрими синамоии ин режим идома дораду ҳамзамон донишгоҳҳои исроилӣ бо таҳримҳои ошкору пинҳони аврупоӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ки шомили радди интишори таҳқиқоту адами даъват ба конфронсҳо мешавад. Haaretz ҳушдор дод, ки тасвири режими саҳюнистӣ дар маҳофили фарҳангӣ ва академик ҳамчунон бисёр манфӣ аст. Мухолифат бо ҷанг дар хориҷ аз сарзаминҳои ишғолӣ ба мухолифат бо ишғолгарӣ табдил шудааст. Бар асоси ин гузориш, хатари амиқтар дар фарсоиши қудрати нарм, таҳдиди навоварӣ ва ҳамкории илмӣ ва эҳтимоли тасреъи фирори мағзҳо аз сарзаминҳои ишғолӣ наҳуфтааст.