Aз Шаби Ялдо, мероси ҳафт ҳазорсолаи эрониҳо, чӣ медонед?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123494-aз_Шаби_Ялдо_мероси_ҳафт_ҳазорсолаи_эрониҳо_чӣ_медонед
Порс Тудей - Шаби Ялдо, яке аз қадимтарин ҷашнҳои эронӣ аст.
(last modified 2025-12-21T07:12:28+00:00 )
Декабр 21, 2025 11:21 Asia/Dushanbe
  • Шаби Ялдо, мероси ҳафт ҳазорсолаи эрониҳо
    Шаби Ялдо, мероси ҳафт ҳазорсолаи эрониҳо

Порс Тудей - Шаби Ялдо, яке аз қадимтарин ҷашнҳои эронӣ аст.

Шаби Ялдо, ки аз ғуруби офтоб дар 30-уми Озар моҳ (рӯзи охирини тирамоҳ) оғоз мешавад ва то тулӯи офтоб дар якуми Дай моҳ  (рӯзи аввали зимистон) идома меёбад, мисли Наврӯз ва Чаҳоршанбе Сурӣ, решаҳои худро дар таърих ва фарҳанги қадимии Эрон дорад. Ин шаб дарозтарин шаби сол аст, ва эрониҳо онро бо шодмонӣ ва маросимҳои махсус ҷашн мегирифтанд. Ба гузориши Порс Тудей, калимаи "Ялдо" аз забони сурёнӣ гирифта шудааст ва маънои "таваллуд" -ро дорад.

Қидмати ин ҷашн ба ҳазорон соли пеш боз мегардад .Баъзе бостоншиносон бо истинод ба нақшҳои сафолӣ ва ҳайвоноти марбут ба моҳҳои эронӣ, таърихи Ялдоро то ҳафт ҳазор сол пеш тахмин задаанд.

Эрониёни қадим Ялдоро бар асоси афсонаҳо ва фаҳмиши рӯйдодҳои кайҳонӣ ҷашн мегирифтанд. Дар бораи сабаби баргузории ин шаб ду ривояти асосӣ вуҷуд дорад:

- Пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ: Мардуми қадим ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд ва ивазшавии рӯзу шаб барои онҳо хеле муҳим буд. Онҳо рӯшноӣ ва офтобро рамзи некӣ ва офариниш, ва торикӣ ва сарморо нишонаҳои шайтон медонистанд. Аз ин рӯ, эрониҳо тӯлонитарин шаби солро ҷашн мегирифтанд, зеро баъд аз он рӯзҳо дарозтар мешуданд ва рӯшноӣ бар торикӣ пирӯз мешуд.

- Таваллуди Меҳр (Митро): Парастандагони Меҳр, Ялдоро шаби таваллуди худои Меҳр медонистанд; худое, ки дар як ғори хурд пайдо мешавад ва офтобро ба ҷаҳон меорад. Баъзе ривоятҳо инчунин мегӯянд, ки Митро дар ин шаб бармегардад ва рӯзҳоро дароз мекунад.

 

Маросимҳо ва расму оинҳои шаби Ялдо

- Қиссагӯӣ ва масалхонӣ: Оилаҳои эронӣ дар ин шаб ҷамъ мешаванд ва пирон ба дигарон қиссаҳо ва масалҳо нақл мекунанд. Қиссаҳои маҳаллӣ дар ҳар минтақа маъмуланд.

- Фолбинии Ҳофиз: Яке аз анъанаҳои маъмули Ялдо ин гирифтани фолбинии Ҳофиз аз маҷмӯаи шеърҳои ин шоири барҷастаи эронӣ аст. Пири маҷлис маҷмӯаи шеърҳои Ҳофизро мекушояд ва ғазали интихобшударо мехонад ва тафсир мекунад. Аксари шеърҳои Ҳофиз умедбахш ҳаcтанд, аз ин рӯ фолҳо одатан шодмонӣ доранд.

- Хониши Шоҳнома: Хондани Шоҳнома аз шоири бузурги эронӣ Фирдавсӣ, бахусус бо услуби наққолӣ (ривоят), қисми дигари шаби Ялдо аст. Ин анъана рамзи фарҳанг ва ҳувияти эронӣ аст.

- Ороиши мизи Ялдо: Суфраи шаби Ялдо бо меваҳо ба монанди анору тарбуз , чормағз ва танаққулоти рангоранг ороста мешавад . Анору тарбуз намоди хуршед ва баракатанд, ва ҷойгоҳи аслӣ дар суфра доранд . Дар канори онҳо миваҳои хушк монанди тӯт , анҷир, баргаи шафтолу  ва  зардолу қарор мегиранд . Чормағзҳои Ялдо низ таркибӣ аз  мағзҳоу донаҳои хушк шудааст ; хӯрокиҳое, ки намоди фаровонӣ , тандурустӣ ва шодӣ мебошанд.