Имом Хоманаӣ: Оятуллоҳ Милонӣ аз аркони наҳзати исломӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123572-Имом_Хоманаӣ_Оятуллоҳ_Милонӣ_аз_аркони_наҳзати_исломӣ_аст
Порс Тудей - Баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори аъзои Ситоди баргузории Конгресси бузургдошти оятуллоҳ Саид Муҳамадҳодии Милонӣ дар маҳали баргузории ин ҳамоиш дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ мунташир шуд.
(last modified 2025-12-25T08:32:56+00:00 )
Декабр 25, 2025 13:31 Asia/Dushanbe
  • Имом Хоманаӣ: Оятуллоҳ Милонӣ аз аркони наҳзати исломӣ аст

Порс Тудей - Баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори аъзои Ситоди баргузории Конгресси бузургдошти оятуллоҳ Саид Муҳамадҳодии Милонӣ дар маҳали баргузории ин ҳамоиш дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ мунташир шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари Раҳбари инқилоби исломӣ, ҳазрат оятуллоҳ Хоманаӣ зимни қадрдонӣ аз баргузории чунин конгрессе, марҳӯм оятуллоҳ Милониро як шахсияти ҷомеъулатроф аз лиҳози “маънавӣ” , “ахлоқӣ”, “илмӣ” ва “иҷтимоӣ ва сиёсӣ” донистанд ва таъкид карданд: Оятуллоҳ Милонӣ воқеан эҳёгари ҳавзаи илмияи Машҳад буд ва ин ҳавза мадюни он марҳӯм аст.

Раҳбари инқилоби исломӣ, оятуллоҳ Милониро аз лиҳози фардӣ, шахсе мумтозу дорои виқору матонат ва дар айни ҳол тавозуъ, вафодорӣ нисбат ба дӯстону бархӯрдор аз латофати рӯҳӣ ва завқи шеър тавсиф карданд ва афзуданд: Он марҳӯм аз лиҳози илмӣ як муллои бузург буд, ки аз маҳзари усотиде ҳамчун марҳӯм Ноинӣ ва марҳӯм Шайх Муҳаммад Ҳусайни Исфаҳонӣ баҳра бурда ва дар “ дарсу баҳси илмӣ” хушбаён буд ва талабаҳои фозилеро парвариш медод.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ яке дигар аз ҷанбаҳои шахсиятии оятуллоҳ Милониро аҳли сулук будани он марҳӯм баршумурданд ва бо ишора ба ҳузури эшон дар матни қазоёи иҷтимоӣ ва сиёсии он замон гуфтанд: Оятуллоҳ Милонӣ дар даврони шурӯи муборизот дар авоили даҳаи чиҳил, ҳаққае яке аз аркони Наҳзати исломӣ буд ва дар матни масоил ҳузур дошт, ки сафар ба Теҳрон ба ҳамроҳи ҷамъи дигаре аз уламо баъд аз боздошти имом Хумайнӣ (раҳ), намунае аз ҳузури таъсиргузор дар масоили сиёсӣ аст.

Раҳбари инқилоби исломиӣ эъломияҳои қавӣ ва матину муҳками оятуллоҳ Милонӣ дар ҳимоят аз Наҳзати исломиро намунаи дигаре аз ҳузури таъсиргузори он марҳӯм дар матни масоили сиёсӣ донистанд ва гуфтанд: Номаи эшон дар ҳимоят аз имом Хумайнӣ (раҳ.) баъд аз табъиди имом ба Туркия, як санади торихӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Оятуллоҳ Милонӣ бо муборизону афроди гӯногӯн аз ҷараёнҳои мухталифи сиёсӣ иртибот дошт, аммо ҳамвора аз мунтасаб шудан ба як ҷараёни сиёсии хос башиддат парҳез мекард.

Эшон ибрози умедворӣ карданд, баргузории ин ҳамоиш заминасози шиносонда шудани абъоди шахсиятии оятуллоҳ Милонӣ, ба мардум бошад.

Конгресси бузургдошти панҷоҳумин соли риҳлати оятуллоҳ  Муҳамадҳодии Милонӣ бо баёноти Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи ин олими барҷаста рӯзи панҷшанбе дар толори Қудси ҳарами мутаҳҳари Разавӣ оғоз шуд.