Се моҳвораи эронӣ ба фазо партоб шуданд
-
Партоби моҳвораи эронии «Зафар 2», «Поё» ва « Кавсар 1.5» аз пойгоҳи фазоии Восточнийи Русия
Порс Тудей - Се моҳвораи эронии «Зафар 2», «Поё» ва « Кавсар 1.5» ба фазо партоб шуданд.
Се моҳвораи эронии «Зафар 2», «Поё» ва « Кавсар 1.5» асри якшанбе бо мӯшаки Союз аз пойгоҳи фазоии Восточнийи Русия ба фазо партоб шуданд.
Ба гузориши Порс Тудей, Ваҳиди Яздониёнӣ, муовини вазири иртибототу фанноварии иттилооту раиси пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон, гуфт: Ин се моҳвораи санҷишӣ додаҳои тасвириро бо қудратҳои тафкикӣ аз 15 метр то камтар аз панҷ метр мухобира мекунанд ва метавон бо истифода аз ин додаҳо бахши густардае аз фаъолиятҳоро барои онҳо дар Эрон мутасаввир буд.
Вай корбурди ин тасовирро дар ҳавзаи кишоварзӣ, мудирияти манобеи об ва муҳити зист унвон кард.
Раиси пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон дар бораи тафовути ин моҳвораҳо бо намунаҳои пешин изҳор дошт, ин моҳвораҳо дар фосилаи 500 километрии замин қарор мегиранд, ки мадори Лео ном дорад.
Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия пеш аз ин дар суханоне ҳамкориҳои Эрону Русия дар арсаи фазоро густарда хонду интихоби пойгоҳи фазоии Восточний барои партоби се моҳвораи ҷадидро дар чорчӯби ҳамкориҳо ва раванди интиқоли фанноварӣ миёни ду кишвар унвон кард.
Козими Ҷалолӣ афзуд: Бо партоби се моҳвораи ҷадид, шумори моҳвораҳои кишварамон, ки аз тариқи пойгоҳи фазоии Восточний дар мадор қарор мегиранд ба ҳафт моҳвора афзоиш ёфт.
Сафири Эрон дар Маскав таъкид кард, дастовардҳои донишмандони эронӣ дар сохти ин моҳвораҳо бо вуҷӯди ҳамаи таҳдидҳо ва таҳримҳо алайҳи кишварамон ба даст омада ва аз ин манзар низ ҳоизи аҳаммият аст.