Таҳлилгари амрикоӣ: Террори Сардор Сулаймонӣ дипломосии эътибори байланмилалии Амрикоро зери савол бурд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123640-Таҳлилгари_амрикоӣ_Террори_Сардор_Сулаймонӣ_дипломосии_эътибори_байланмилалии_Амрикоро_зери_савол_бурд
Порс Тудей-Як таҳлилдгари амрикоӣ террори Сардори сипаҳбуд «Қосим Сулаймони»-ро иқдоми якҷониба ва мунҷар ба ташдиди бесуботӣ дар минтақаи Ғарби Осиё донист.
(last modified 2026-01-03T07:01:19+00:00 )
Декабр 30, 2025 14:07 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгари амрикоӣ: Террори Сардор Сулаймонӣ дипломосии эътибори байланмилалии Амрикоро зери савол бурд
    Таҳлилгари амрикоӣ: Террори Сардор Сулаймонӣ дипломосии эътибори байланмилалии Амрикоро зери савол бурд

Порс Тудей-Як таҳлилдгари амрикоӣ террори Сардори сипаҳбуд «Қосим Сулаймони»-ро иқдоми якҷониба ва мунҷар ба ташдиди бесуботӣ дар минтақаи Ғарби Осиё донист.

Сардор сипаҳбуд «Қосим Сулаймонӣ» фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорон инқилоби исломӣ , ӯ 3 январи соли 2020 ҳангоми сафар бо даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар, дар ҳамлаи ҳавоии таҷовузгарон ва террористҳои амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод ҳамроҳ бо Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис, муовини раиси Нерӯҳои Сафарбарии Мардумии Ироқ (Ал-Ҳашд аш-Шаъбӣ) ва 8 нафар аз ҳамроҳонаш ба шаҳодат расид.

Ҷорҷио Кафиеро, таҳлилгари масоили Осиёи Ғарбӣ, дар мусоҳиба бо Ирно гуфт, ки Сардор Сулаймонӣ дар Эрон ва қисматҳои минтақа ҳамчун як ҳомии ватандӯст алайҳи ДОИШ маъруф буд ва барканории ӯ имкони муколамаи созанда байни Теҳрон ва Вашингтонро кам кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Кафиеро афзуд, ки ҳамлаи Амрико ба иншооти ҳастаии Эрон ва пуштибонӣ аз ҷанги режими Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ на аз нигарониҳои воқеӣ дар бораи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, балки аз ангезаҳои тавсеаҷӯёна ва тазъифи Эрон бармеояд.

Кафиеро равшан кард, ки ҳадафи Исроил табдил додани Эрон ба як кишвари заиф ва таҳти султаи  мушобеҳи  Лубнон ё Сурия, буда ва то ҳол кӯшишҳо барои аз сар гирифтани ҷанг дар соли 2026 вуҷуд доранд.

Ин таҳлилгари амрикоӣ таъкид кард, ки чунин рафтори яктарафа ва бетартиб обрӯи Вашингтонро ҳамчун як бозигари масъул дар саҳнаи байналмилалӣ паст мекунад ва амнияти ҷаҳониро халалдор мекунад.

Кафиеро афзуд, ки ягона роҳи эҷоди суботи дарозмуддат дар Осиёи Ғарбӣ эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳо, қонунҳои байналмилалӣ ва дипломоси, ки бар пояи виҷдони нек байни ҳамаи бозигарон, аз ҷумла Эрон ва Амрико аст.

Ин таҳлилгари амрикоӣ гуфт, ки вокуниши мутақобили Эрон ба иқдомоти Амрико ва Исроил, аз ҷумла ҳамлаҳои мушакӣ ба пойгоҳҳои низомӣ, омодагии Теҳронро барои дифоъ аз соҳибихтиёрии миллӣ ва муқовимат бо ҳама гуна таҷовуз нишон медиҳад.