Террористҳои аҷиршудаи Исроил, кӯдаккуширо ба дохили Эрон кашонданд
-
Мелино, духтари 3 солаи кирмоншоҳӣ, ки ба зарби гулӯлаи террористҳои мусаллаҳ ба шаҳодат расид
Порс Тудей - Фарохони писари шоҳи махлуъи Эрон рамзи оғози амалиёти террористии саросарӣ дар Эрон буд.
Ба гузориши Порс Тудей, эътирозоти ба ҳаққи мардуми Эрон бо мавзӯи иқтисод, дастовези аҳдофи низомии Амрико ва Исроил шуд, ки ноком аз расидан ба аҳдофи худ дар ҷанги 12 рӯза шуда буданд. Дар тӯли шаш моҳи гузашта, иқдомоти бисёре аз сӯи ин ҷинояткорон барои ноором кардани Эрон сӯрат гирифт. Аз ҷумла ворид кардани террористҳои мусаллаҳ барои истифода дар базангоҳ!
Баъд аз шурӯи эътирозоти иқтисодӣ ин терруристҳои нуфуз дода шуда, худро дар байни мардум ҷо зада ва аз байни мардум, мардумро ҳадаф гирифтанд. Оғоз ба кори террористҳо ба таври ҳамзамон дар шаҳрҳои мухталиф бо фарохони Ризо Паҳлавӣ, писари шоҳи махлуъи Эрон буд, ки бо фарохони худ дар воқеъ ба аносури нуфӯзӣ фармони шурӯи куштори мардуму вайронӣ дар Эронро содир кард.
Яке аз қурбониёни ин фармон дар панҷшанбе (18 даймоҳ) Милинои 3 сола дар Кирмоншоҳ буд; духтари се сола, ки дар оғӯши падар дар ҳоли ворид шудан ба дорухона дар муҳосираи ҷинояткорони мусаллаҳ қарор гирифт; террористҳои мусаллаҳ дар камоли шақоват Милинои 3 соларо дар оғӯши падараш ба зарби гулӯла ба шаҳодати расонданд.