Паёми қотеъи миллати Эрон дар 22 дай ; поёни фиребкории Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123818-Паёми_қотеъи_миллати_Эрон_дар_22_дай_поёни_фиребкории_Амрико
Порс Тудей - Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёмии зимни таҷлил аз кори бузурги миллати азимулшаъни Эрон дар иҷтимоъоти густардаи 22 дай ва рӯзи торихие, ки офарида шуд , таъкид карданд : Миллати Эрон , худро ва ҳиммату ҳувияти худро ба рухи душманон кашид .
(last modified 2026-01-21T06:24:55+00:00 )
Январ 13, 2026 14:17 Asia/Dushanbe
  • Паёми қотеъи миллати Эрон дар 22 дай ; поёни фиребкории Амрико
    Паёми қотеъи миллати Эрон дар 22 дай ; поёни фиребкории Амрико

Порс Тудей - Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёмии зимни таҷлил аз кори бузурги миллати азимулшаъни Эрон дар иҷтимоъоти густардаи 22 дай ва рӯзи торихие, ки офарида шуд , таъкид карданд : Миллати Эрон , худро ва ҳиммату ҳувияти худро ба рухи душманон кашид .

« Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ » Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёмии зимни таҷлил аз кори бузурги миллати азимулшаъни Эрон дар иҷтимоъоти густардаи рӯзи 22 дай таъкид карданд : Миллати Эрон , худро ва ҳиммату ҳувияти худро ба рухи душманон кашид ва ин ҳушдорӣ ба сиёсатмадорони Амрико буд ки фиребкории худро мутаваққиф кунанд ва ба муздурони хоин такя накунанд .

Дар матни паёми Раҳбари инқилоби исломии хитоб ба миллати Эрон омадааст , имрӯзи кори бузургӣ анҷом додед ва рӯзӣ торихӣ офаридед . Ин иҷтимоъоти азиму саршор аз азми росих , нақшаи душманони хориҷиро ки қарор буд ба дасти муздурони дохилӣ пиёда шавад , ботил кард .

Раҳбари инқилоб дар паёмашон таъкид карданд , миллати Эрон , қавӣ ва муқтадир аст , огоҳу душман шинос аст , ва дар ҳамаи ҳол дар саҳна ҳузур дорад .

Иҷтимои ҳамбастагии милли алайҳи тероризми саҳюнӣ - амрикоӣ , рӯзи душанбеи 22 дай моҳ ҳамзамон бо Теҳрон дар саросари кишвар баргузор шуд . Мардум аз ақшори мухталиф бо ҳузур дар хиёбонҳои устонҳои мухталиф аз иқдомоти террористии чанд рӯзи ахири эълом инзиҷор карданд .

 Роҳпаймои 22 дай , сирфан як таҷаммуъ хиёбонӣ набӯд ; балки ба унвони як куниши аҷтмоъи–сёсии густарда , ҳомили паёмҳои муҳими дохилӣ ва хориҷӣ буд . Раҳбари инқилоби исломӣ , низ ин рухдодро дар ҷойгоҳи як « рӯзи торихӣ » ва « кори бузурги миллати Эрон » тавсиф карданд . Таҳлили ин ҳузур нишон медиҳад ки ин рӯйдод чанд лоя ва чанд паёми асосӣ дар худ дошт .

Ҳузури густардаи мардум дар саросари кишвар , ҷилвае аз иқтидори иҷтимоӣ ва ҳувияти миллӣ буд . Ин ҳузур нишон дод ки миллати Эрон дар бизангоҳҳои ҳассос , тавонои басиҷи умумӣ ва намоиши инсиҷоми худро дорад . Раҳбари инқилоб дар паёми худ таъкид карданд ки миллати Эрон « қавӣ , муқтадир , огоҳу душмани шинос »аст , ин тавсифи баёнгари ин воқеиятаст ки мардум бо ҳузури худ , ҳувияти мустақилу иродаи ҷамъиро ба рух душманон кашиданд .

Яке аз меҳварҳои аслии паёми Раҳбари инқилоб , ҳушдор ба сиёсатмадорони амрикоӣ буд . Ҳузури мардум нишон дод ки сиёсатҳои зиди Эронии Кохи Сафед мубтанӣ бар фишор , таҳриму амалиёти равони натиҷае надорад .

Аҳамияти дигари ҳузури густардаи мардум дар роҳпаймои рӯзи 22 дай , намоиши ҳамбастагии миллӣ ва ҳӯшёрии муқобили тавтеъаҳоӣ буд ки гуруҳҳои террористии боҳимояти Амрико ва ғарби дарсадади иҷроӣ он буданд . Ин ҳузури густарда нишон дод ки иттико ба терруристҳо барои эҷод бесуботӣ дар Эрон бефоидааст дар шароите, ки миллати Эрон дар баробари фиребкориҳои сиёсии Амрико ҳӯшёраст ва дар баробари таҳдидоти хориҷӣ , вокуниши фаъол ва ҳамоҳанг дорад .

 Роҳпаймои 22 дай , ҳамчунин вокунишӣ ба иқдомоти террористии ахир буд . Мардум дар саросари кишвар бо ҳузур дар хиёбонҳо инзиҷори худро аз тероризму ҳомиёни он эълом карданд ва нишон доданд ки амнияти милли хати қирмизи ҷомеъа Эрон аст . Ин ҳузури густарда ҳамчунин нишон дод ки таҳдидоти амниятӣ , мӯҷиби ақабнишинии мардум намешавад балки мӯҷиби ҳамбастагӣ бештар мешавад .

Душманон дар пайи баҳрагирӣ аз нооромиҳо ва амалиёти террористӣ ахир буданд аммо ҳузури мардум , фазои иҷтимоиро аз имкони сӯъиистифодаи душман холӣ кард . Ин ҳузур , инсиҷоми миллиро тақвият кард . Дар воқеъ , мардум бо ҳузури худ , ҷанги таркибии душманро дар сатҳи иҷтимоӣ хунсо карданд .

Роҳпаймои 22 дайро метавон як рухдоди чанд буъдӣ донист ки ҳушдории ҷаддӣ ба сиёсатмадорони амрикоӣ буд то тавтеъаҳо ва буҳрони офариниҳои зидди Эронии худро мутаваққиф кунанд . Ин ҳузур , бори дигар нишон дод ки миллати Эрон дар лаҳазоти ҳассос , нақши таъйинкунанда дар ҳифзи амният , субот ва истиқлоли кишвар ифо мекунад .

Ин рухдод собит кард ки миллати Эрон бо огоҳӣ , қудрату ҳузур ба мавқеи худ , ҳамчунон муҳимтарин пуштвонаи низому сади аслӣ дар баробари татеъаҳои хориҷӣ аст ва ҳаргоҳ лозим бошад , бо иқдоми ҷамъии худ масири таҳаввулотро таъйин мекунад .