Январ 23, 2017 13:58 Asia/Dushanbe
  • Кашфи чаҳор пайкари дигар аз зери овори Пласко

Сухангуи Созмони оташнишонии Теҳрон гуфт: Дар ҳаффориҳои якшанбе шаб, пайкари чаҳор нафари дигар аз ҷонбохтагони ҳодисаи Пласко кашф шуд, ки ин аҷсод марбут ба оташнишонон нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷалоли Мулкӣ дар гуфтугӯ бо расонаҳо дар бораи охирин иттифоқоти рухдода дар паи ҳаффории якшанбе шаби маҳалли сохтмони Пласко гуфт: Осебҳои шадид ба бадан, далели фавти ин чаҳор нафар буда ва ин пайкарҳо ба марокизи қазоӣ ва пизишкии қонунӣ интиқол дода шудааст.

Мулкӣ пешбинӣ кард, имрӯз пайкарҳои дигаре низ кашф шавад.

Сохтмони тиҷории Пласко дар маркази Теҳрон субҳи рӯзи панҷшанбе дучори оташсӯзӣ шуд, ки пас аз се соат, 15 табақаи сохтмон ба таври комил тахриб шуду фуру рехт.

Токунун пайкарҳои шаш нафар аз ҷумла ду оташнишон аз зери овор хориҷ шуда ва як оташнишон низ дар бемористон бар асари сӯхтагии шадид ҷон бохтааст.