Густариши равобити Эрону Ироқ - масири муштарак ба сӯи суботи пойдори минтақа
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123904-Густариши_равобити_Эрону_Ироқ_масири_муштарак_ба_сӯи_суботи_пойдори_минтақа
Порс-Тудей. Мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо вазири умури хориҷаи Ироқ бар аҳамияти тавсеаву тақвияти ҳамкории муштараки ду кишвар бо ҳадафи тақвияти субот дар минтақа таъкид карданд.
(last modified 2026-01-19T09:54:59+00:00 )
Январ 19, 2026 14:52 Asia/Dushanbe
  • Дидори Ироқчӣ бо вазири умури хориҷаи Ироқ
    Дидори Ироқчӣ бо вазири умури хориҷаи Ироқ

Порс-Тудей. Мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо вазири умури хориҷаи Ироқ бар аҳамияти тавсеаву тақвияти ҳамкории муштараки ду кишвар бо ҳадафи тақвияти субот дар минтақа таъкид карданд.

Фуод Ҳусайн, вазири умури хориҷаи Ироқ рӯзи якшанбе (17 январ) бо ҳадафи баррасии таҳаввулоти минтақа ба Эрон сафар кард. Ӯ дар нахустин барномаи кории сафари дурӯзаи худ бо Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳур, Сайид Аббоси Ироқчт, вазири умури хориҷа, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ ва Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Мақомоти эронӣ ва вазири умури хориҷаи Ироқ дар ин дидорҳо бар аҳамияти тавсеаву тақвияти ҳамкории муштарак таъкид карданд.

Пизишкиён дар дидор бо вазири умури хориҷаи Ироқ пайвандҳои амиқи отифиву қалбӣ миёни ду миллати Эрону Ироқро решаву асоси равобити деринаи ду кишвар унвон ва таъкид кард: Равобити мустаҳкаму таърихии ду миллати Эрону Ироқ то ба имрӯз пойдор буда ва пас аз ин низ пойдор хоҳад монд.

Ироқчӣ низ дар нишасти хабарии муштарак бо вазири хориҷаи Ироқ гуфт, тахлияи пойгоҳи Айнуласад аз неруҳои низомии Амрико ва таҳвили ин пойгоҳ ба неруҳои ироқӣ нишонаи дигаре аз тақвияти истиқлол, субот ва ҳокимияти сиёсӣ дар Ироқ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Густараву жарфои муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Эрону Ироқ бисёр мутанаввеъ асту ройзанӣ ва табодули оро ба сурати мустамар миёни мақомҳои ду кишвар дар сутуҳи мухталиф, зомини пӯёӣ ва ҳамоҳангӣ барои феълияти бахше лозим ба ин муносибот аст.

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон низ дар дидор бо вазири умури хориҷаи Ироқ таъкид кард, заррае ақибнишинӣ дар баробари режими саҳюнистӣ ба маънои тазъиф шудани ҳамаи кишварҳои исломӣ ва дар ниҳоят уммати исломӣ хоҳад буд.

Қолибоф афзуд: Шоҳиди он коре ҳастем, ки саҳюнистҳо бо Сурия ва Ироқ карданд ва ҳатто Қатарро мавриди бомбаборон қарор доданд. Онҳо Судону Сумалиро таҷзия кардаанду коре ҷузи тазъифу таҷзияи уммати исломӣ бо ҳадафи сайтара бар онҳо надоранд.

Фуод Ҳусайн низ дар ин дидор зимни ибрози хурсандӣ аз сафар ба Эрон ва бо ироаи гузорише дар бораи интихоботи ахири Ироқ гуфт: Амнияти Ироқу Эрон бахши муҳиме аз амнияти минтақа аст ва амнияти ду кишвар ба сурати решаӣ бо якдигар дар иртибот аст.

Сафари вазири хориҷаи Ироқ ба Теҳрон ва таъкиди мақомоти ду кишвар бар тавсеаи ҳамкориҳо, нишондиҳандаи аҳамияти рӯзафзуни равобити Эрону Ироқ дар муодилоти минтақаӣ аст. Ду кишвар бо дарки муштарак аз чолишҳову фурсатҳо, дар талошанд то бо тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ, нақши фаъолтаре дар эҷоди субот дар минтақа ифо кунанд. Ин ҳамкориҳо метавонад дар оянда ба афзоиши нақшофаринии муштараки Теҳрон–Бағдод ва шаклгирии як назми минтақаии мутавозинтар мунҷар шавад.

Ҳамкориҳои Теҳрон–Бағдод аҳамияти зиёде барои ду кишвар ва минтақа хоҳад дошт. Афзоиши суботи сиёсиву амниятӣ дар Ироқ, коҳиши нуфузи неруҳои хориҷӣ ва тақвияти меҳвари ҳамкориҳои минтақаӣ, мустақил аз қудратҳои фароминтақаӣ, аз муҳимтарин натоиҷи густариши равобити Эрону Ироқ дар арсаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад.