Имом Хоманаӣ: Фитнаи ахир амрикоӣ буд ва раисиҷумҳури Амрико муҷрими аслӣ аст
-
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ
Порс Тудей - Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ дар хуҷаста Иди шарифи Мабъас, дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардум бо таҷлил аз ҳаракати миллат дар рӯзи торихии 22 дай, таъкид карданд: Миллати Эрон камари фитнаро шикаст, аммо бояд моҳияту аҳдофи ин фитна ва авомили “омӯзишдида” ва “бозихӯрда”-и онро ба хубӣ шинохт.
Раҳбари инқилоби исломӣ: Фитнаи ахир як фитнаи амрикоӣ буд
Раҳбари инқилоби исломӣ моҳияти фитнаи ахирро амрикоӣ хонданд ва дар табйини ҳадафи аслии амрикоиҳо дар тавтеъаҳои гӯногӯн, гуфтанд: Ҳадаф ва сиёсати мустамари Амрико - ва на фақат раисиҷумҳури феълии он -, балъидани Эрон ва бозгардондани султаи низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодии худ бар кишвари Эрон аст; чаро ки кишваре бо ин вусъат, ҷамъият, имконоту пешрафтҳои илмӣ ва фанноварӣ он ҳам дар чунин маркази ҳассоси ҷуғрофиёӣ, барои онҳо қобили таҳаммул нест.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ: Раисиҷумҳури Амрико, муҷрими аслии фитнаи ахир аст
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ изҳороти раисиҷумҳури Амрикоро, ки аз тахрибгарону одамкушҳо ба унвони миллати Эрон ёд кард, туҳмате бузург ба миллати хонданд ва гуфтанд: Раисиҷумҳури Амрико ошкорои фитнагаронро ташвиқ кард ва дар пушти саҳна ҳам, Амрико ва режими саҳюнистӣ кумакҳое ба онҳо карданд; бинобар ин, мо раисиҷумҳури Амрикоро муҷрим медонем, ҳам бахотири талафоту хисоратҳо ва ҳам ба иллати туҳмате, ки ба миллати Эрон зад.
Имом Хоманаӣ: Миллати Эрон камари фитнаро шикаст
Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар инки миллати Эрон камари фитнаро шикаст, гуфтанд: Миллати Эрон бо ҳаракати миллионии худ дар рӯзи 22 даймоҳ, ин рӯзро ба рӯзе таърихӣ дар китоби ифтихороти фаровони худ табдил кард ва бо кӯбидани муште муҳкам бар даҳони пургӯи муддаиён, фитнаро хобонд.
Эшон, бузургнамоии ҷамъияти маъдуди фитнагарон дар матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳонии вобаста ба саҳюнистҳо ва дар муқобил, инкор ва ё кучакнамоии ҷамъияти азими мардуми Эрон дар 22 дайро ношӣ аз одоти ҳамешагии онҳо хонданд ва гуфтанд: Воқеият бо ин корҳо тағйир намекунад. Воқеият ҳамон аст, ки миллат ба чашми худ дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигар мушоҳида кард.