Оё бози бо оташи Трамп метавонад ба даргирии тамомуаёри минтақа мунҷар шавад?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124014-Оё_бози_бо_оташи_Трамп_метавонад_ба_даргирии_тамомуаёри_минтақа_мунҷар_шавад
Порс Тудей Эрон эълом кард, ки изҳороти ҷангталабонаи Трамп сабаби ташдиди танишҳои минтақаи мешавад.
(last modified 2026-01-29T08:51:25+00:00 )
Январ 29, 2026 13:51 Asia/Dushanbe
  • Оё бози бо оташи Трамп метавонад ба даргирии тамомуаёри минтақа мунҷар шавад?
    Оё бози бо оташи Трамп метавонад ба даргирии тамомуаёри минтақа мунҷар шавад?

Порс Тудей Эрон эълом кард, ки изҳороти ҷангталабонаи Трамп сабаби ташдиди танишҳои минтақаи мешавад.

Ба гузориши Порс Тудей Амир Саъиди Ервонӣ, сафир ва намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, ки "изҳороти гармандешона"-и раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп "шиддатҳои минтақавиро афзоиш медиҳад, хатари ҳисобҳои нодурустро афзоиш медиҳад ва таҳдиди мустақим ба сулҳу амнияти байналмилалӣ эҷод мекунад".

Еравонӣ дар номае ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаид ва раиси Шӯрои Амният рӯзи чоршанбе, 28 январ, ба таҳдидҳои нави раси ҷумҳури Амрико ишора карда, гуфт: Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон чунин изҳороти гармандешонаро, ки бемасъулиятона, таҳрикдиҳанда ва ба таври возеҳ мухолифи принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, қотеъона рад ва маҳкум мекунад.

Дипломати аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Таҳдиди истифодаи зӯр алайҳи давлати мустақил вайронкунии возеҳи моддаи 2, банди 4-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аст; моддае, ки ҳам истифодаи зӯр ва ҳам таҳдиди истифодаи онро бар зидди тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии ҳар як давлат ба таври возеҳ ва бечунучаро манъ мекунад.

У таъкид кард: Мутаассифона, ин изҳорот на танҳо бесобиқа, балки қисми як намунаи паҳншуда ва ҳуҷҷатгузоришудаи фишор, тарсондан, амалҳои нооромкунанда, амалиётҳои махфии иктишофӣ ва фишори ғайриқонунии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошанд».

Чунин ба назар мерасад, ки изҳороти таҳдидомези раиси Ҷумҳури Амрико Доналд Трамп алайҳи Эрон дар моҳи январи соли 2026, ки бо фиристодани гурӯҳи ҳавопаймобарони Авраам Линколн ба минтақаи Осиёи Ғарбӣ ва таҳдиди мустақими низомӣ алайҳи Эрон ҳамроҳ буд, шиддати мавҷударо бо якчанд сабабҳои асосӣ ба сатҳи хатарнок афзоиш додааст.

Омили аввал дар ин маврид хатари афзояндаи ҳисобкунии нодуруст ва як давраи вокунишҳои низомӣ мебошад. Таҳдиди ошкорои Трамп ва намоиши қудрати низомӣ фавран вокуниши мутақобила ва омодагии Эронро ба вуҷуд овардааст. Вазири корҳои хориҷии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ ҳушдор дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар омодаанд ба ҳар гуна ҳамла «фавран ва бо зӯр» посух диҳанд. Ин мубодилаи таҳдидҳо ва намоиши омодагии ҷангӣ муҳитеро ба вуҷуд меорад, ки дар он як ҳисобкунии нодурусти хурд ё низои маҳдуди марзӣ метавонад зуд ба як низои пурра табдил ёбад. Эрон дар номаи худ ба Созмони Милали Муттаҳид ба таври возеҳ ҳушдор додааст, ки ин изҳорот "хатари ҳисобкунии нодурустро афзоиш медиҳанд.

Омили дуюм нобудшавии роҳҳои дипломатӣ ва танг шудани имконот аст. Ин гуфтугӯи хашмгинона ҳар гуна имконияти баромадан аз бӯҳронро аз роҳи дипломатӣ халалдор мекунад. Гуфта мешавад, ки гуфтушунидҳои пешакӣ байни Вашингтон ва Теҳрон барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон ба бунбаст расидаанд ва ин бунбаст қисми асосноккунии қабули оҳанги таҳдидомез будааст. Аммо, таҳдиди ҳамлаи бузург ё "тағйири режим" барои ноил шудан ба бастаи номақбули талабот, аз ғанигардонии сифр ва нобуд кардани захираҳои ураниуми ғанишуда ё интиқоли онҳо ба маҳдудиятҳои мушакӣ ва қатъи кӯмак ба меҳвари муқовимат дар минтақа, эътимоди заруриро барои аз сар гирифтани гуфтушунидҳо аз байн мебарад. Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки чунин изҳороти сахти Трамп на танҳо интизориҳоро афзоиш медиҳад ва ҳамзамон имконияти маневр кардани президенти ИМА-ро барои амалҳои алтернативӣ маҳдуд мекунад, балки Эронро барои дифоъ аз мавқеъҳои оқилонаи худ дар муқобили талабҳои ғайримантиқии ИМА боз ҳам бештар водор мекунад.

Омили севум нигаронии иттифоқчиёни минтақавӣ ва хатари афзоиши низоъ аст. Оқибати ангезандатарин эҳтимолияти авҷ гирифтани низоъ дар минтақаи аллакай ноустувор аст. Ҳампаёмонони суннатии Амрико дар Ғарби Осиё, ки худашон аз рақобат бо Эрон метарсанд, ба Трамп дар сӯҳбатҳои шахсӣ ҳушдор додаанд, ки ҳар гуна таҷовузи низомӣ метавонад ба "низоъи васеътар" оварда расонад. Онҳо метарсанд, ки Эрон бо оғози ҷанги минтақавӣ, на танҳо бар зидди ҳадафҳои амрикоӣ, посух хоҳад дод. Ин тарс нишон медиҳад, ки амният дар Халиҷи Форс он қадар заиф аст, ки ҳатто муттаҳидони арабии Амрико намехоҳанд, ки ҷанги ҳамаҷониба ба хатар гузоранд.

Хулоса, таҳдидҳои нави Трамп алайҳи Эрон, ки ҳамчун таслимшавӣ ё ҳамлаи низомӣ тарҳрезӣ шудаанд, сиёсати ҳисобшуда нестанд, балки омили шиддат гирифтани ноустуворӣ мебошанд. Бо эҷоди як давраи таҳдидҳои мутақобила, бастани дарҳо ба дипломатия ва тарсонидани муттаҳидони худи Амрико, ин изҳорот минтақаро дар остонаи бӯҳрони бузургтар қарор додаанд. Таърих нишон додааст, ки дар чунин фазои гарм, назорати раванд метавонад аз дасти бозигарон берун равад ва ба оқибатҳои пешгӯинашаванда оварда расонад.