Баёнияи муҳими уламои Наҷаф дар ҳимоят аз Раҳбари инқилоби исломӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124024-Баёнияи_муҳими_уламои_Наҷаф_дар_ҳимоят_аз_Раҳбари_инқилоби_исломӣ
“Порс-Тудей”. Маҷмаи уламои Наҷафи ашраф дар ҳимоят аз Раҳбари инқилоби Ҷумҳурии исломии Эрон баёнияе содир кард.
(last modified 2026-01-30T10:26:15+00:00 )
Январ 30, 2026 15:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

“Порс-Тудей”. Маҷмаи уламои Наҷафи ашраф дар ҳимоят аз Раҳбари инқилоби Ҷумҳурии исломии Эрон баёнияе содир кард.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, баёнияи эъломи ҳамбастагии содира аз сӯи Маҷмаи уламои Наҷафи ашраф ба шарҳи зайл аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

“Ва лақад катабно физ забури мин баъдиз закри аннал арза ярисуҳо ибодияс солиҳун”. (Анбиё 105)

Дар ин лаҳазоти таърихӣ, ки дар он рӯёрӯӣ миёни ҷабҳаи ҳаққу ҷабҳаи истикбори ҷаҳонӣ шиддат ёфтааст ва дар шароите ки душман миллатҳоро миёни “таслим” ва “зиллат” мухайяр мекунад ва ҳол он ки зиллат аз мо ба дур аст”. Таҷаммуи уламои Наҷафи ашраф таҷдиди аҳду мисоқи худро бо уммати дигар ва бо ҳамаи касоне ки дар канори иззату каромат истодаанд ва бо Ҷумҳурии исломӣ “давлати фақеҳ” - таҳти раҳбарии ҳакимонаи валиву раҳбар, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ (доммузилла) эълом медорад.

Ин таҷаммуъ дар ҳоле ки ҳамбастагии худро бо давлати фақеҳ эълом мекунад, ин мавзеъгириро на аз сари як мавзеи сиёсии зудгузар, балки ба унвони як илтизоми шаръии бархеста аз имони амиқ иттихоз кардааст. Имоне ки бар ин бовар устувор аст, ки ин давлат паноҳгоҳи ташайюъ ва мусулмонон аст. Ҳамон гуна ки дар ривояти шариф омадааст: “Қум ошёнаи оли Муҳаммад ва паноҳи шиаёни мост” ва ин давлат заминасози корвони мубораки Валии аср - соҳибуззамон (аҷ) аст.

Бетардид, ҳар гуна ҳадаф қарор додани Ҷумҳурии исломӣ чӣ аз тариқи ҷанги нарм ва чӣ аз масири таҳримҳои иқтисодӣ дар ҳақиқат ҳадаф қарор додани сутуни хаймаву ҳамаи озодагони ҷаҳон аст. Мо зимни эъломи истодагӣ дар канори Эрону каромати он, ҳамаи тавонмандиҳои моддиву маънавии худро таҳти ливои раҳбарӣ қарор медиҳем, ки барои мо Ҳусайни ин аср ба шумор меояд.

Ҳамчунин, мо раҳбарӣ ва миллати Эронро ба хотири ин пойдории устураӣ, ки рӯз ба рӯз исбот мекунад лутфи илоҳӣ идоракунандаи майдони набард аст ва инки иродаи мустазъафон дар ниҳоят пирӯз хоҳад шуд, самимона табрик мегӯем. Аз ин рӯ, бори дигар бар азми худ барои ҳушёрӣ ва бедорӣ таъкид мекунему нисбат ба сумуми расонаӣ, ки бо ҳадафи гусастани пайванд бо маркази вилояту тазъифи басиратҳо амал мекунанд, ҳушдор медиҳем ва яқин дорем, ки тирҳои онон ба изни Худованди мутаол чизе ҷуз тирҳое дар гулӯи душманон нахоҳад буд.

Эрон ҳамвора сарафроз боқӣ хоҳад монд ва валии фақеҳ ҳамчунон чароғи роҳе хоҳад буд, ки моро дар торикиҳои фитнаҳо ҳидоят мекунад ва фишорҳо ҷуз бар тамассуки мо ба ресмони муҳками илоҳӣ нахоҳад афзуд.

(Инналлоҳа юдофиъу аниллазина оману).