Пизишкиён: Исроил ва ҳомиёни он ҳамвора ба дунболи таҷзияи Эрон будаанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124036-Пизишкиён_Исроил_ва_ҳомиёни_он_ҳамвора_ба_дунболи_таҷзияи_Эрон_будаанд
Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Таҷрибаҳои ахир нишон додааст, ки режими саҳюнистӣ ва бархе ҳомиёни ғарбии он, ҳамвора ба дунболи таҷзияи Эрон будаанд.
(last modified 2026-01-31T14:42:43+00:00 )
Январ 31, 2026 19:41 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Исроил ва ҳомиёни он ҳамвора ба дунболи таҷзияи Эрон будаанд

Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Таҷрибаҳои ахир нишон додааст, ки режими саҳюнистӣ ва бархе ҳомиёни ғарбии он, ҳамвора ба дунболи таҷзияи Эрон будаанд.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар остонаи оғози даҳаи мубораки фаҷр дар чиҳилуҳафтумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ба ҳамроҳи аъзои ҳайати давлат дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори инқилоби исломӣ ҳузур ёфтанд.

Ба гузориши Порс Тудей, Пизишкиён дар маросими таҷдиди мисоқи аъзои ҳайати давлат бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) таъкид кард, таҷрибаҳои ахир нишон додааст, ки режими саҳюнистӣ ва бархе ҳомиёни ғарбии он, ҳамвора ба дунболи эҷоди тафриқа ва таҷзияи Эрон будаанд ва аз ҳар фурсате барои сӯиистифода аз мутолиботи иҷтимоӣ баҳра мебаранд.

 Пизишкиён бо ишора ба ҳаводисе, ки дар ҷараёни эътирозоти ахир дар Эрон рух дод, таъкид кард, табдили эътирози маданӣ ба ҳамла ба неруҳои низомӣ ва тахриби амволи умумӣ, нишонаи вуруди ҷараёнҳои созмонёфта ва бадхоҳ аст; ҷараёне, ки ҳадафаш на баёни мутолиботи мардум, балки эҷоди нафрат ва ошӯб аст.

Вай бо баёни инки вазифаи қатъии давлати Эрон, шунидани садои муътаризону посух ба дағдағаҳои воқеии онон аст, тасреҳ кард, ки ҳӯшёрии имом Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ ва вафодории мардум токунӯн монеъи таҳаққуқи тарҳҳои душман шудааст.

Пизишкиён бо баёни инки дар ҷараёноти ахир, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими Исроилу аврупоиҳо, ҳама ба дунболи таҳрику эҷоди тафриқа буданд, унвон кард, албатта иддае аз мардуми бегуноҳро бо ин ҷараён ҳамроҳ карданд ва онҳоро ба хиёбонҳо кашонаданд ва мехостанд ин мамлакатро тикка тикка кунанду даъво ва нафрат байни мардум эҷод кунанду тафриқа ба вуҷӯд биоваранд.

Вай бо ишора ба инки дар ҳеҷ эътирози маъмулии иҷтимоӣ, туфанг ба даст намегиранд, неруҳои низомиро намекушанд, омбулонс ва бозорро оташ намезананд, гуфт: Мо вазифа дорем садо ва дағдағаҳои муътаризонро бишинавему масоили онҳоро ҳал кунем ва барои ин мавзӯ омода ҳастем. Аммо ҳама медонанд, ки масаъла фақат эътирози иҷтимоӣ набуд. Балки душманон бар мушкилоти мо савор шуданд, таҳрик карданд ва ба дунболи ин буданд ва ҳастанд, ки ҷомеъаро шақа шақа кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки ҳеҷ қудрате наметавонад ҷомеъаеро, ки бар пояи адолату инсоф ҳаракат мекунад, замингир кунад бар зарурати парҳез аз табъизҳои қавмӣ, забонӣ ва нажодӣ таъкид карду афзуд, ҳеҷ қавм ва забоне набояд монеъи иҷроӣ адолат шавад.