Январ 23, 2017 19:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши забони форсӣ ва арабӣ барои иртиқои муносибатҳои ҷаҳони Ислом

Коршиносон ва соҳибназарони ширкаткунандаи дар Иҷлоси гуфтугӯҳои фарҳангии Эрон ва ҷаҳони араб дар Машҳад, бар лузуми иртибот ва гуфтугӯҳои мустамар, тарвиҷ ва омӯзиши забони форсӣ ва арабӣ дар кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, ширкаткунандагон дар коргурӯҳи тахассусии забон ва адабиёти ин иҷлоси муҳимми минтақаӣ, густариши омӯзиши забони форсӣ ва арабиро дар таҳким ва иртиқои муносиботи фарҳангӣ ва илмии ҷаҳони Ислом муассир донистанд.

Дар баёнияи поёнии ин коргурӯҳ бо таъкид бар гуфтугӯҳои мустамар миёни мутахассисон забон ва адабиёти форсӣ ва арабӣ пешниҳод шуд, маҷмуае бо унвон “Маҷмааи гуфтугӯҳои фарҳангии мутахассисони забон ва адабиёти форсӣ ва арабӣ” дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад таъсис шавад.

Нишаст ин коргуӯҳ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор шуд.

Нахустин Иҷлоси гуфтугӯи фарҳангӣ байни Эрон ва ҷаҳони араб аз рӯзи шанбе бо ҳузур 85 нухба аз 12 кишвари ҷаҳони араб ҳамзамон дар Теҳрон, Машҳад, Қум ва Қазвин дар ҳоли баргузорӣ аст ва имшаб ба кори худ поён медиҳад.

Ин иҷлос токунун шаш пешнишаст дар Тунис, Лубнон, Қатр ва Эрон доштааст.

 

Барчасп