Ироқчӣ: Конфронси амниятии Мюнхен ба “сирк” табдил шудааст
-
Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хоҷаи Эрон
Порс Тудей - Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт: Мояи таассуф аст, ки Конфронси амниятии Мюнхен, ки маъмӯлан рӯйдоде ҷиддӣ ва муътабар талаққӣ мешуд, дар мавзӯи Эрон ба “сирки Мюнхен” табдил шудааст.
Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Мояи таассуф аст, ки Конфронси амниятии Мюнхен, ки маъмулан рӯйдоде ҷиддӣ ва муътабар талаққӣ мешуд, дар мавзӯи Эрон ба “сирки Мюнхен” табдил шудааст.
Ироқчӣ бо баёни инки уфӯли Конфронси амниятии Мюнхен, ки дар он завоҳир бар муҳтаво тарҷеҳ дода мешавад, паёмҳои муҳимме дар бар дорад, афзуд: Ин вазъият нишонаи тарҷеҳи завоҳир бар муҳтаво аст ва чунин рӯйкарде ҳомили паёмҳои муҳимме дар бораи ҷойгоҳу нақши Аврупо дар таҳаввулоти минтақаӣ аст.
Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон бо ишора ба ончӣ “сардаргумии Иттиҳодияи Аврупо” хонд, решаи ин вазъиятро дар нотавонии ин иттиҳодия дар дарки таҳаввулоти дохилии Эрон арзёбӣ кард.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин аз манзари роҳбурдӣ, Иттиҳодияи Аврупоро фоқиди ҷиҳатгирии мушаххас донист ва тасреҳ кард, ин маҷмӯаи бахши қобили таваҷҷӯҳе аз вазни геополитии худро дар минтақа аз даст додааст. Ба гуфтаи Ироқчӣ, Олмон дар ин раванд ба самти вогузории комили сиёсати минтақаии худ ба режими саҳюнистӣ ҳаракат кардааст.
Ироқчӣ масири куллии сиёсати Аврупоро “вахиму нигаронкунанда” тавсиф карду афзуд: Паёмади амалии ин вазъият, коҳиши асаргузории Иттиҳодияи Аврупо ва тройкаи аврупоӣ дар равандҳои муртабит бо музокироти барномаи ҳастаии Эрон аст.
Вай гуфт: Аврупо, ки дар гузашта яке аз тарафҳои аслии гуфтугуҳо маҳсӯб мешуд, акнӯн нақши камранге дар фароянди музокирот бо Эрон дорад; дар муқобил, кишварҳои дӯст дар минтақа ба маротиб муассиртар аз тройкаи аврупоӣ амал кардаанд.
Вазири умури хориҷаи Эрон таҳаввулоту вазъияти кунуниро нишонаи ба ҳошия ронда шудани Аврупо дар парвандаҳои муҳимми муртабит бо Эрон донист.