Тибби суннатии эронӣ - исломӣ | Гули Бунафша; гуле биҳиштӣ барои оромиш ва саломат
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124226-Тибби_суннатии_эронӣ_исломӣ_Гули_Бунафша_гуле_биҳиштӣ_барои_оромиш_ва_саломат
Порс Тудей - Гули Бунафша аз дербоз дар адабиёту фарҳанги эронӣ ҷойгоҳи вижае, дошта ва дар тибби суннатӣ низ ба унвони як доруи арзишманд барои дармони анвоъи бемориҳо ва ҳифзи саломати бадан шинохта мешавад.
(last modified 2026-02-18T06:30:51+00:00 )
Феврал 18, 2026 11:28 Asia/Dushanbe
  • Гули Бунафша ва дамнуши он
    Гули Бунафша ва дамнуши он

Порс Тудей - Гули Бунафша аз дербоз дар адабиёту фарҳанги эронӣ ҷойгоҳи вижае, дошта ва дар тибби суннатӣ низ ба унвони як доруи арзишманд барои дармони анвоъи бемориҳо ва ҳифзи саломати бадан шинохта мешавад.

Гули Бунафша бо атри дилпазиру табъи хунаки худ, дар тибби суннатии эронӣ ҷойгоҳи волое дораду қарнҳост, ки ба унвони доруи таббӣ барои оромиши аъсобу дармони бемориҳои илтиҳобӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Ба гузориши Порс Тудей, дар нигоҳи ҳукамои тибби суннатӣ, гули бунафша дорои табъи сард ва тар аст ва бавижа барои коҳиши ҳарорати бадан, таскини илтиҳобу поксозии хун аз маводи зоид тавсия мешавад.

Яке аз муҳимтарин корбурдҳои гули Бунафша дар тибби суннатӣ, дармони бехобӣ ва оромиши аъсоб аст. Бӯидани гули тозаи он ба унвони хобовари таббии амал мекунаду масрафи дамнӯш ё чакондани чанд қатраи равғани бунафша дар бинӣ қабл аз хоб, ба далели рутӯбатбахшӣ ба мағз, хобе амиқу оромро ба армағон меоварад. Ҳамчунин барои таскини сардардҳои ношӣ аз гармӣ ва илтиҳоб, зумоди гули Бунафша ё молидани равғани он бар пешонӣ ва шақиқаҳо таҷвиз мешавад.

Дар дармони бемориҳои танаффусӣ монанди сурфаҳои хушк, гулӯдарду илтиҳоби рия, гули Бунафша ба унвони як хилтовару нармкунандаи таббӣ шинохта мешавад. Шарбат ё дамнӯши он хилтро осон карда ва хушунати сина ва ҳалқро бартараф мекунад. Дар ривоёти исломӣ низ аз равғани Бунафша барои рафъи танагии нафасу сурфа бисёр суфориш шудааст.

Гули Бунафша дар зебоӣ ва муроқибат аз пусту муҳ низ корбурди густардае дорад. Моски таҳияшуда аз гули Бунафша ё молидани равғани он, ба далели хавоси зиддиилтиҳобӣ ва мартӯбкунандагӣ, барои поксозии пуст, дармони ҷӯш, эгзимо ва хушкии пуст муъҷиза мекунад. Ҳамчунин тақвияти решаи муҳ, дармони шӯраи сар ва афзоиши дурахшндагии муҳо аз дигар хавоси ин гули биҳиштӣ аст.

Дар маҷмӯъ, гули Бунафша дар тибби суннатии эронӣ на танҳо як гули хушбӯ ва зебо, балки як доруи чандманзурааст, ки бо табиати хунак ва мартӯби худ, ҳарорату илтиҳобро аз бадан мезудояд ва оромишро ба рӯҳу ҷисм ҳадя мекунад.