Баргузории размоиши муштараки дарёии Эрон ва Русия; панҷшанбе дар Дарёи Уммон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124230-Баргузории_размоиши_муштараки_дарёии_Эрон_ва_Русия_панҷшанбе_дар_Дарёи_Уммон
Порс Тудей - Размоиши мураккаби дарёии неруҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия рӯзи панҷшанбе дар Дарёи Уммон ва шимоли Уқёнуси Ҳинд бо ҳадафи иртиқои амнияти дарёнавардӣ ва муқобила бо таҳдидоти муштарак баргузор мешавад.
(last modified 2026-02-21T05:18:48+00:00 )
Феврал 18, 2026 12:54 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Ҳасани Мақсудлу, сухангуи размоиши мураккаби дарёии Эрон ва Русия
    Адмирал Ҳасани Мақсудлу, сухангуи размоиши мураккаби дарёии Эрон ва Русия

Порс Тудей - Размоиши мураккаби дарёии неруҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия рӯзи панҷшанбе дар Дарёи Уммон ва шимоли Уқёнуси Ҳинд бо ҳадафи иртиқои амнияти дарёнавардӣ ва муқобила бо таҳдидоти муштарак баргузор мешавад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Форс, адмирал Ҳасани Мақсудлу, сухангӯи размоиши мураккаби дарёии Эрон ва Русия гуфт: Ин тамрини муштарак ба мизбонии минтақаи якуми Имомати неруи дарёии артиши Эрон дар Бандар Аббос ва дар густараи васеъе аз дарёи Уммон то шимоли Уқёнуси Ҳинд иҷро хоҳад шуд. Дарёдори дувум Мақсудлу дар ташреҳи аҳдофи ин размоиши муштарак ба хабарнигорон гуфт: «тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дарёӣ ва тақвияти равобит миёни неруҳои дарёии ду кишвар дар тарроҳӣ ва иҷрои амалиётҳои мураккаб, аз дигар аҳдофи ин размоиш башумор меравад.»

Вай бо ишора ба меҳварҳои аслии ин тамрин афзуд: «Эҷоди ҳамгароӣ ва ҳамоҳангӣ дар иқдомоти муштарак барои муқобила бо фаъолиятҳои таҳдидкунандаи амнияту эминии дарёӣ, бавижа дар ҳавзаи ҳифозат аз киштиҳои тиҷорӣ ва нафткашҳо ва ҳамчунин мубориза бо терроризми дарёӣ, аз меҳварҳои аслии ин тамрин муштарак аст.»

Қадрдонии фармондеҳи рус аз мизбонии Эрон

Алексей Сергеев, фармондеҳи новгурӯҳи эъзомии неруи дарёии Русия низ зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар шаҳри Бандараббос, аз мизбонӣ ва меҳмоннавозии Ҷумҳурии Исломии Эрон қадрдонӣ кард. Вай бо таъкид бар равобити дӯстона ва наздик миёни ду тараф афзуд: «Сатҳи таъомулот ва ҳамкориҳои мавҷӯд нишон медиҳад, ки метавонем дар канори якдигар бисёре аз масоилу чолишҳои дарёӣ ва соҳилиро мудирият ва ҳалу фасл кунем.»