Интихоби Эрон ба унвони муовини Кумитаи вижаи маншури Милали Муттаҳид
-
Интихоби Эрон ба унвони муовини Кумитаи вижаи маншури Милали Муттаҳид
“Порс-Тудей”. Интихоби Эрон ба унвони муовини Кумитаи вижаи маншури Милали Муттаҳид ва узви ҳайати раисаи ин ниҳоди ҳуқуқӣ ҷойгоҳи фаъоли Ҷумҳурии исломии Эрон дар дифоъ аз усули маншури Созмони Милалро тақвият кард.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти Кумитаи вижаи маншури Созмони Милали Муттаҳид, ки дар мақарри ин созмон дар Ню-Йорк баргузор шуд, ба унвони муовини ин кумита ва ҳамчунин узви ҳайати раиса интихоб шуд.
Ин интихоб дар чорчӯби созукорҳои дохилии кумита ва бо раъйи аъзо сурат гирифт ва нишондиҳандаи эътимоди кишварҳои узв ба нақши созандаи Эрон дар мабоҳиси ҳуқуқи байналмилал аст. Кумитаи вижаи маншури СММ, ки дар соли 1974 таъсис шудааст, маъмурият дорад пешниҳодҳоеро барои иртиқои коромадии ин созмон дар чорчӯби маншур ироа диҳад.
Кумитаи вижаи маншур - ниҳоде тахассусӣ бо иртиботи мустақим бо мафоди маншури СММ аст ва вазоифе ҳамчун расидагӣ ба мавзӯоти муртабит бо ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, тарвиҷи ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофоту тақвияти қавоиди ҳуқуқи байналмилалро бар ӯҳда дорад. Интихоби Эрон ба унвони муовини кумитаи вижаи маншури Милали Муттаҳид дар шароите анҷом шудааст, ки низоми байналмилал бо чолишҳои ҷиддӣ дар ҳавзаи иҷрои усули маншур, аз ҷумла асли манъи тавассул ба зӯр ва эҳтиром ба ҳокимияти баробари давлатҳо, мувоҷеҳ аст.
Нақши кумитаи вижаи маншур дар тақвияти ҳокимияти қонун
Дар солҳои ахир, афзоиши мавориди нақзи ошкори усули маншури Созмони Милал, зарурати тақвияти созукорҳои ҳуқуқӣ дар ин созмонро дучандон кардааст. Кумитаи вижаи маншури Созмони Милали Муттаҳид ба унвони бистаре ҳуқуқӣ барои дифоъ аз чандҷонибагароӣ ва ҳокимияти қонун, аҳамияти фазояндае ёфтаву нақшии калидӣ дар ҳифзи эътибори низоми ҳуқуқи байналмилал ифо мекунад.
Дар ин чорчӯб, интихоби Эрон ба унвони муовини Кумитаи вижаи маншури Милал Муттаҳид метавонад заминасози мушорикати фаъолтари Ҷумҳурии исломии Эрон дар равандҳои ҳуқуқии муртабит бо сулҳу амнияти байналмилалӣ бошад ва бар тааҳҳуди Теҳрон ба усули бунёдини маншури Созмони Милали Муттаҳид таъкид кунад.