Намоишгоҳи Қуръон; посухи фарҳангии Эрон ба иҳонатҳо
-
Муҳаммадҷавод Ҳоҷ Алии Акбарӣ, раиси Шӯрои сиёсатгузории аъиммаи ҷумъаи Эрону имоми ҷумъаи Теҳрон
Порс Тудей - Намоишгоҳи Қуръон ба унвони ҳаракате такмилӣ дар баробари иҳонат ба соҳати Қуръон ва намоде аз дипломасии қуръонии Эрон ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷавод Ҳоҷ Алии Акбарӣ, раиси Шӯрои сиёсатгузории аъиммаи ҷумъаи Эрону имоми ҷумъаи Теҳрон, шомгоҳи рӯзи шанбе дар ойини гушоиши 30-юмин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим дар Теҳрон, эълом кард, ин намоишгоҳ “ҳаракати такмилӣ дар баробари иҳонат ба соҳати Қуръон”аст ва бо рӯйкарде фаъол дар арсаи байналмилал, аз зарфияти дипломасии қуръонӣ барои муқобила бо ҷараёнҳои исломҳаросӣ, қуръонҳаросӣ ва эронҳаросӣ баҳра мегирад.
Ҳоҷ Алии Акбарӣ бо ишора ба бархе иҳонатҳо ба амокини мазҳабӣ афзуд: “қарор додани мавзӯи масҷиди Тароз дар дастури кори намоишгоҳ, иқдоме ҳӯшмандона буд; зеро масҷид, хонаи Қуръону меҳвари ҳувияти динии ҷомеъаи мост. Вай намоишгоҳи Қуръонро “эъломи паноҳҷӯӣ ба соҳати Қуръони Карим” тавсиф кард ва гуфт, ҷомеъаи Эрон дар буҳронҳо бо иттико ба омӯзаҳои қуръонӣ тавонистааст, тобоварӣ ва инсиҷоми худро ҳифз кунад.
Раиси Шӯрои сиёсатгузории аъиммаи ҷумъаи Эрон бо гиромӣ дошти ёди шуҳадои дифои муқаддас ва шуҳадои ахир, бар аҳаммияти тақвияти ниҳоди хонавода таъкид кард ва афзуд: “душманон медонанд ҳадафи қарор додани хонавода ба маънои осеб задан ба ҳувияту оянда ҷомеъааст; аз ин рӯи таваҷҷуҳ ба хонавода дар ин давра аз намоишгоҳ, иқдоме роҳбурдӣ аст.”
Баргузории намоишгоҳ бо шиори «Эрон дар паноҳи Қуръон»
30-умин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим бо шиори “Эрон дар паноҳи Қуръон” дар мусаллои имом Хумайнии Теҳрон баргузор мешавад ва то рӯзи 15 исфанд аз соъати 16 то 23 мизбони алоқамандон аст.
Намоишгоҳи Қуръон ба унвони яке аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангии Эрон, бистаре барои муаррифии зарфиятҳои илмӣ, ҳунарӣ ва байналмилалии Қуръони Карим фароҳам карда ва ҷилвае аз рӯйкарди фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сиёнат аз арзишҳои динӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ башумор меравад.