Эҷоди минтақаи озоди байналмилалии Эрон - Афғонистон - Чин дар Хуросони Ҷанубӣ
-
Муртазо Зокириён, мудири кулли умури иқтисодӣ ва дороии Хуросони Ҷанубии Эрон
“Порс-Тудей”. Тарҳи эҷоди минтақаи озоди байналмилалии тиҷорӣ ва санъатии муштараки Эрон, Афғонистон ва Чин дар Хуросони Ҷанубӣ, фурсате роҳбурдӣ барои тавсеаи содирот, иштиғоли марзнишинон ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ фароҳам кардааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Муртазо Зокириён, мудири кулли умури иқтисодӣ ва дороии Хуросони Ҷанубии Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо баёни инки тарафҳои афғонистонӣ ва чинӣ омодагии худро барои мушорикати молӣ ва ҳатто эҷоди шаҳраки санъатии вижаи чиниҳо дар устони Хуросони Ҷанубӣ эълом кардаанд, гуфт: Тарҳи эҷоди минтақаи озоди байналмилалии тиҷорӣ ва санъатии муштараки Эрон, Афғонистон ва Чин ҳеҷ гуна вобастагӣ ба манобеи молии маҳдуди дохилӣ надораду қобилияти таҳаққуқи сареъ бо мушорикати сармоягузорони хориҷиро дорост.
Вай ҳамчунин бо ишора ба мавқеияти роҳбурдии устони Хуросони Ҷанубии Эрон афзуд, ин устон бо 331 километр марзи муштарак бо Афғонистон ва иттисоли ин кишвар ба Чин, метавонад ба унвони ҳалқаи воситу каридори транзитии ин минтақаи озод амал кунад.
Мудири кулли умури иқтисодӣ ва дороии Хуросони Ҷанубии Эрон бо ташреҳи иқтисоди мукаммали ин кишварҳо афзуд: Чин ба унвони дуюмин иқтисоди ҷаҳон, таъминкунандаи сармояву фанноварӣ, Эрон бо зарфиятҳои транзитӣ, энержӣ ва санъат ва Афғонистон бо манобеи маъданӣ ва нерӯи кори ҷавон, метавонанд занҷираи арзиши минтақаии қудратманде шакл диҳанд.