Рекорди ҳамлу нақли байналмилалии рейлии Эрон шикаста шуд
Порс Тудей - Ҳамлу нақли байналмилалии рейлии Эрон дар ибтидои исфандмоҳ бо сабти беш аз 5 миллион тон, рекорди тоза дар ин ҳавза бар ҷо гузошт.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Шаҳриёри Нақизода, мудири кулли бозаргонии хориҷии Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе эълом кард, ҳамлу нақли байналмилалии рейл(роҳи оҳан)-ии Эрон аз марзи 5 миллион тон убӯр карда ва рекорди ҷадиде дар ин ҳавза сабт шудааст.
Ба гуфтаи вай, ин рақам дар ҳоле дар панҷуми исфанд ба даст омада, ки маҷмӯи ҳамлу нақли байналмилалии рейлии Эрон дар соли гузашта дар поёни сол ба 5 миллион тон расида буд; мавзӯе, ки нишондиҳандаи рушди 7 дарсадии амалкард нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл аст.
Нақизода бо ишора ба шароити печидаи сиёсӣ ва фишорҳои таҳримӣ алайҳи Эрон тасреҳ кард: «Ин дастовард дар ҳоле муҳаққақ шуд, ки шадидтарин фишорҳои таҳримӣ ва сиёсӣ, ҳамлу нақли байналмилалии рейлиро низ таҳти таъсир қарор додааст.» Вай афзуд, кишварҳое, ки аз масири Эрон барои тронзити коло истифода мекунанд, дар маърази таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд, аммо Эрон бо тақвияти дипломасии рейлӣ ва афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ, тавонистааст ин маҳдӯдиятҳоро мудирият кунад.
Нақши каридорҳои минтақаӣ дар рушди ҳамлу нақли байналмилалии рейлӣ
Мудири кулли бозаргонии хориҷии Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки инъиқоди тафоҳумномаҳои ду ва чандҷониба бо кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои воқеъ дар масири каридорҳо, нақши муҳимме дар афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии рейлӣ доштааст. Аз ҷумлаи ин тавофуқҳо метавон ба тафоҳумномаи шашҷониба дар масири рейлии Чин ба Аврупо, тафоҳумномаи сеҷонибаи каридори шимол - ҷануб бо Русия ва Туркманистон дар шохаи шарқӣ ва бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шохаи ғарбӣ, ва низ тафоҳумномаи сеҷониба миёни Эрон, Покистону Туркия ишора кард.