Таҷовузи ҳавоии Амрико ва режими саҳюнистӣ ба нуқоте аз Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124318-Таҷовузи_ҳавоии_Амрико_ва_режими_саҳюнистӣ_ба_нуқоте_аз_Эрон
Амрико дубора дар миёнаи музокирот ва бо мушорикати режими саҳюнистӣ манотиқе аз Эронро ҳадафи ҳамалот қарор дод.
(last modified 2026-02-28T14:19:45+00:00 )
Феврал 28, 2026 19:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мутаҷовизон ба мактабе дар Эрон
    Ҳамлаи мутаҷовизон ба мактабе дар Эрон

Амрико дубора дар миёнаи музокирот ва бо мушорикати режими саҳюнистӣ манотиқе аз Эронро ҳадафи ҳамалот қарор дод.

Соъати 9 субҳи имруз ҳамзамон бо шунида шудани садои чанд инфиҷор дар Теҳрон сутунҳое аз дуд дар бархе аз нуқоти шаҳр ба ҳаво бархост.

Дақоиқе пас аз ин иттиқоф хабаргузории Райтер ба нақл аз вазири ҷанги режими кудакуши саҳюнистӣ гузориш дод, ки Исроил ҳамлаи пешдастонаеро зидди Эрон оғоз карда аст.

Ин барои дувумин бор аст, ки режими кудакуши саҳюнистӣ дар замони музокироти Эрон ва Амрико иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Эрон мекунад.

Шабакаи Алҷазира ба нақл аз як масъули амрикоӣ гузориш дод, ки неруи ҳавоии Амрико низ дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Эрон мушорикат дорад.

Ҳамзамон хабар мерасад ки саросари сарзаминҳои ишғолӣ ва ҳамчунин дар пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа вазъияти изтирорӣ эълом шуда аст.