Сарлашкари Покпур ва адмирал Шамхонӣ ба шаҳодат расиданд
-
Алии Шамхонӣ (самти рост) дар ҳузури Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ, имом Хоманаӣ
Порс Тудей - Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифоии Эрон ва Муҳаммади Покпур, фармондеҳи кули Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Теҳрон ба шаҳодат расиданд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИСНА, адмирал Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сардор сарлашкари посдор Муҳаммади Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳамлаи рӯзи шанбеи Амрико ва Исроил ба Теҳрон ба шаҳодат расиданд.
Равобит умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди якшанбе дар баёнияе аз оғози «саҳмгинтарин амалиёти таҳоҷумии таърихи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон» алайҳи сарзаминҳои ишғолӣ ва пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақаи Ғарби Осиё хабар дод.