Неруҳои мусаллаҳи Эрон: Амрико ва режими саҳюнистиро пушаймон хоҳем кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124328-Неруҳои_мусаллаҳи_Эрон_Амрико_ва_режими_саҳюнистиро_пушаймон_хоҳем_кард
Порс Тудей - Дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон ва шаҳодати Раҳбари инқилоби исломӣ ва бархе фармондеҳони низомӣ ва ҳамчунин чандсад нафари мардуми ғайринизомӣ, неруҳои мусаллаҳи Эрон баёнияҳои ҷудогонае содир карданд.
(last modified 2026-03-01T05:38:17+00:00 )
Март 01, 2026 09:55 Asia/Dushanbe
  • Неруҳои мусаллаҳи Эрон: Амрико ва режими саҳюнистиро пушаймон хоҳем кард
    Неруҳои мусаллаҳи Эрон: Амрико ва режими саҳюнистиро пушаймон хоҳем кард

Порс Тудей - Дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон ва шаҳодати Раҳбари инқилоби исломӣ ва бархе фармондеҳони низомӣ ва ҳамчунин чандсад нафари мардуми ғайринизомӣ, неруҳои мусаллаҳи Эрон баёнияҳои ҷудогонае содир карданд.

Ба гузориши Порс Тудей, Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи якшанбе зимни таслияти шаҳодати Раҳбари инқилоби исломӣ, таъкид кард: Душманони миллати Эрон бавижа «Амрикои ҷинояткору режими манҳуси саҳюнистӣ»-ро бо қудрат, салобат ва ҳимояти мардуми шарифи Эрон пушаймон хоҳем кард.

Дар ин баёния омадааст: Мероси гаронбаҳои он раҳбару муршиди озодагони ҷаҳон, чароғи роҳи миллати шуҷоъу қаҳрамони Эрон ва неруҳои мусаллаҳи мунтақим аст.

Равобити умумии Сипоҳи посдорни инқилоби исломӣ низ эълом кард, ки саҳмгинтарин амалиёти таҳоҷумии таърихи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба самти сарзаминҳои ишғолӣ ва пойгоҳҳои террористҳои амрикоӣ анҷом хоҳад дод.

Ҳамчунин Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баёнияе таъкид кард: Ба ёрии Худованд ва бо ҳамроҳӣ ва муҷоҳидати мардуми настуи Эрони сарбаланди исломӣ ва ҳузури муқтадирона ва бо басирати фарзандони ғаюри миллат дар неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷинояти саҳмгини Амрико ва Исроил бепосух нахоҳад монд.

Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Роҳи нӯронии раҳбари шаҳиди инқилоби исломӣ то охирин нафас идома хоҳад ёфт ва артиши Эрон ба унвони дежи мустаҳками миллат, дар хатти муқаддами дифо аз истиқлол, тамомияти арзӣ ва низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон истодааст.