Паёми таслияти уламои аҳли суннати Хуросони Шимолӣ дар пайи шаҳодати раҳбари инқилоб
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124336-Паёми_таслияти_уламои_аҳли_суннати_Хуросони_Шимолӣ_дар_пайи_шаҳодати_раҳбари_инқилоб
Порс Тудей – Уламо ва рӯҳониюни аҳли суннати Хуросони Шимолӣ зимни маҳкӯмияти шадиди ҳамлаи таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Эрон, шаҳодати имом Хоманаиро ба уммати ислом таслият гуфтанд.
(last modified 2026-03-01T08:08:17+00:00 )
Март 01, 2026 12:53 Asia/Dushanbe
  • Имом Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ
    Имом Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ

Порс Тудей – Уламо ва рӯҳониюни аҳли суннати Хуросони Шимолӣ зимни маҳкӯмияти шадиди ҳамлаи таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Эрон, шаҳодати имом Хоманаиро ба уммати ислом таслият гуфтанд.

Ба гузориши Порс Тудей, уламо ва рӯҳониюни аҳли суннати Хуросони Шимолӣ (шимоли шарқи Эрон) рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом карданд: Миллати бузурги Эрон имрӯз дар сӯги «бузурги марде аз табори нур» нишастааст, ки беш аз ҳашт даҳа аз умри шарифу пурбаракати худро дар масири муҷоҳидат дар роҳи ҳақ, посдорӣ аз ислому сиёнат аз инқилоби исломӣ ва рушду таъолӣ ва маънавияти миллати Эрон сарф кард. Бетардид ин фиқдон, доғе бузургу андӯҳе сахту сангин бар дилҳои муъминону мусулмонони ҷаҳон ниҳодааст.

Ин баёния мефазояд: Имом Хоманаӣ на танҳо раҳбари як низом, балки чароғи роҳи як уммату илҳомбахши озодагони ҷаҳон буду роҳи муқовиматӣ, ки эшон тарсим кард, роҳе мутаваққиф шуданӣ нест.

Дар идомаи баёнияи уламои аҳли суннати Хуросони Шимолӣ омадааст: Инқилоби исломӣ, як шахс набуд ва қоим ба шахс ҳам нест, балки як ҷараёни зинда ва решадор ва илоҳӣ аст. Ҷараёне, ки бо хуни шуҳадо обёрӣ шуда ва бо иродаи озодагони ҷаҳон истимрор ёфтааст, ба иродаи илоҳӣ ҳам тадовум хоҳад дошт.