Сипаҳбуд Мӯсавӣ ва сарлашкар Насирзода ба ҳамразмони шаҳидашон пайвастанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124338-Сипаҳбуд_Мӯсавӣ_ва_сарлашкар_Насирзода_ба_ҳамразмони_шаҳидашон_пайвастанд
Порс Тудей - Бунёди ҳифзи осору нашри арзишҳои Дифои муқаддасу муқовимат дар иттилоияе аз шаҳодати сипаҳбуд Саидабдурраҳими Мӯсавӣ ва сарлашкар шаҳид Азизи Насирзода хабар дод.
(last modified 2026-03-01T08:27:11+00:00 )
Март 01, 2026 13:21 Asia/Dushanbe
  • Шаҳиди Саидабдурраҳими Мӯсавӣ дар канори шаҳид Муҳаммади Покпур
    Шаҳиди Саидабдурраҳими Мӯсавӣ дар канори шаҳид Муҳаммади Покпур

Порс Тудей - Бунёди ҳифзи осору нашри арзишҳои Дифои муқаддасу муқовимат дар иттилоияе аз шаҳодати сипаҳбуд Саидабдурраҳими Мӯсавӣ ва сарлашкар шаҳид Азизи Насирзода хабар дод.

Ба гузориши Порс Тудей, Бунёди ҳифзи осору нашри арзишҳои Дифои муқаддас ва муқовимат рӯзи якшанбе дар иттилоияе зимни арзи таслияти шаҳодат «муқтадои настуҳ, шуҷоъ, басир ва муҷоҳиди хастагиноизири Эрону ҷаҳони ислом», имом Хоманаӣ, эълом кард: Рӯзи шанбе ҷамъе аз фармондеҳони шуҷоъ ва диловари неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон «дар ҳамлаи дадманишонаи шарӯртарин режимҳо, ҷониёну муфсидони ҷаҳон, Амрикои ҷинояткору режими саҳюнистӣ» ба шаҳодат расиданд.

Бар асоси ин иттилоия, амир сипаҳуд Саидабдурраҳими Мӯсавӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрону амир сарлашкар Азизи Насирзода, вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ ба ҳамразмони шаҳид худ пайвастанд.

Амир сарлашкар Азизи Насирзода, вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон

Пештар низ хабари шаҳодати сардори сипаҳбуд Муҳаммади Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва адмирал Алии Шамхонӣ, мушовири фармондеҳи муаззами кулли қуво ва дабири Шӯрои дифои Эрон эълом шуда буд.

Бунёди ҳифзи осору нашри арзишҳои Дифои муқаддас ва муқовимат таъкид кард: Бешак миллати рашиду бузурги Эрон, бо истионат аз Худованди мутаъол ва инояти ҳазрати валии аср, бар роҳи нӯронии ҳазрати имом Хумайнӣ ва имом Хоманаӣ ҳамчунон устувор хоҳанд буду зимни хунсосозии тамоми тавтеаҳои душманони қисмхӯрда, Эрони исломиро бо пирӯзӣ ва иқтидор ба пеш хоҳанд бурд.