Ироқчӣ: Посухи мо мутаваҷеҳи пойгоҳҳо ва таъсисоти Амрико аст
Март 07, 2026 17:02 Asia/Dushanbe
-
Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон дар паёми бо ишора ба мавадат ва дустии Эрон ва бародарони араб дар тайи қарнҳо афзуд: Посухи Эрон бетардид мутаваҷеҳи пойгоҳҳо ва таъсисоти Амрико хоҳад буд.
Ба гузориши Порс Тудей Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон рузи шанбе дар паёми дар фазои маҷози навишт: Эрон ва бародарони араб тайи қарнҳо дар канори якдигар дар фазои оканда аз мавадат, дусти ва эҳтироми мутақобил зистанд.
Мутаҷовизони амрикоӣ аз сарзаминҳои дустони араби мо иқдом ба ҳадаф қарор додани кудакон ва ғайринизомиёни бегуноҳ мекунанд аммо посухи Эрон бетардид мутаваҷеҳи пойгоҳҳо ва таъсисоти Амрико хоҳад буд.
Барчасп