Қолибоф: Мабдаи ҳар ҳамлае мақсади посухи мо хоҳад буд
-
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон
“Порс-Тудей”. Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар паёме навишт: То ҳангоме ки пойгоҳҳои Амрико дар минтақа вуҷуд доранд, кишварҳо рӯи оромишро нахоҳанд дид.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон шомгоҳи шанбе дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи “Х” навишт: Сиёсатҳои дифоии Ҷумҳурии исломии Эрон бар мабнои раҳнамудҳои имоми шаҳидамон собит аст.
Вай афзуд: То онгоҳе ки пойгоҳҳои Амрико дар минтақа вуҷуд доранд, кишварҳо рӯи оромишро нахоҳанд дид.
Қолибоф изофа кард, ҳамаи масъулону мардуми Эрон бар рӯи ин асл муттаҳид ҳастанд.
Вай навишт, таҷовузи эътилофи амрикоӣ - саҳюнистӣ ба обширинкуни Қишм бо пуштибонии яке аз пойгоҳҳои ҳавоӣ дар кишварҳои ҳамсояи ҷанубӣ анҷом шудааст.
Қолибоф афзуд, ин ҷинояти ошкор вокунише мутаносиб дарёфт хоҳад кард.
Вай хотирнишон кард, пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа ба сакуи амалиётӣ алайҳи Эрон табдил шудаанд. Мабдаи ҳар ҳамлае мақсади посухи мо хоҳад буд.