Пизишкиён: Эрон дар баробари қулдурӣ, зулму таҷовуз сар хам нахоҳад кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124358-Пизишкиён_Эрон_дар_баробари_қулдурӣ_зулму_таҷовуз_сар_хам_нахоҳад_кард
“Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, душман тасаввуроти хоме аз суханон ва гуфтаҳои ман дошту ҳадафаш ин аст, ки мо ва кишварҳои ҳамсоя дар ҷанг бошем.
(last modified 2026-03-08T15:41:50+00:00 )
Март 08, 2026 20:38 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳурии Эрон
    Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳурии Эрон

“Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, душман тасаввуроти хоме аз суханон ва гуфтаҳои ман дошту ҳадафаш ин аст, ки мо ва кишварҳои ҳамсоя дар ҷанг бошем.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳурии Эрон дар ҷараёни баррасии мабоҳиси дармонии кишвар, хитоб ба мардуми Эрон гуфт: Душман тасаввуроти хоме аз гуфтаҳои ман дошту ҳадафаш ин аст, ки мо ва кишварҳои ҳамсоя дар ҷанг бошем ва ба дунболи эҷоди ихтилоф байни мо ва дигар кишварҳост.

Пизишкиён хотирнишон кард, агар бихоҳанд аз ҳар кишваре ба хоки мо ҳамла ва таҷовуз кунанд, маҷбурем ба ин ҳамла посух диҳем ва ин посух додан ба маънои ин нест, ки мо бо он кишвар даъво ва ихтилоф дорем ва ё мехоҳем мардуми онҷоро нороҳат кунему ногузир бояд посух диҳем.

Вай тасреҳ кард, ҳар миқдор ки фишор ба мардуму хоки мо зиёд бошад, қудрати бархӯрди мо бештар хоҳад буд.

Пизишкиён идома дод, дар муқобили касоне ки ба кишвари мо ҳамла кунанд, бо қудрат истодаем ва бо қудрат посух медиҳем ва қатъан неруҳои мусаллаҳу басиҷиҳои мо дар тамоми нуқоти кишвар ҳузур доранд ва бо тамоми вуҷуд аз мамлакат дифоъ хоҳанд кард ва хоберо ки онҳо бароямон дидаанд, қатъан ошуфта хоҳанд кард. Эрону мамлакати мо дар баробари қулдурӣ, зулму таҷовуз сар хам накарда ва нахоҳад кард.